МАВҚЕИ ЗАНОН ДАР АМАЛӢ НАМУДАНИ ҲАДАФҲОИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Панҷшанбе, 26/12/2024-08:35

Ман як зан – модари хушбахтам, ки дар Анҷумани ХV-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намудам. Анҷумани ХV хеле пурмуҳтаво, дилгарм ва таскинбахшандаи дили мо занону модарон гардид. Мо занону бонувони ноҳияи Вахш аъзои фаъоли ҲХДТ шукргузорем, ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро фарзонафарзанди миллат, сиёсатмадору фарҳангшинос, маорифпарвару ғамхори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад. Боиси зикр аст, ки дар ҳар як баромадаш Раиси ҳизби адолатпарварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша менамоянд, ки барои он ки давлати мо пойдору побарҷо ва ҷовидон бошад мо бояд аз таърихи худ сабақ омӯзем, то роҳи фардои давлату миллатро боз ҳам равшантар созем. Мо насли калонсолон бахусус занону модарон барои тарбияи дурусти ҷавонон нақши арзандае гузошта бошем. Онҳоро аз анъанаҳои неки ниёгон, дӯстию бародарӣ, ҳамдилию ҳамзистӣ бурдборию хислатҳои азалии инсондӯстӣ ва меҳмоннавозии тоҷикон, намояндагони халқу миллатҳои дигар тарбият намоем. Шукргузор аз он бошем, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо як дили пур пеш рафта истодааст ва дар ҷодаи бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад. Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ сарҷамъиву якдигарфаҳмӣ дар ҷомеа рӯз то рӯз густариш ёфта, бо шарофати ин раванди нек сатҳи зиндагии мо модарон торафт баланд мегардад.

Воқеан истиқлолият ҳамон вақт моҳияти ҳақиқӣ пайдо мекунад, ки ҳар як фарди ҷомеа, аз ҷумла ҳар як узви ҳизбӣ ба қадри он расанд ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Вазифаи мо-модарон тарбияи дурусти фарзандон, ҳушёру зирак тарбия намудан, ҳифзу ҳимояи Ватан–Модар, дӯст доштани Ватан, хештаншинос, худогоҳ, бохабар аз таърихи гузаштаи хеш, пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намоем.

Мо занону бонувон аз он сипосгузорем, ки Раиси ҳизбамон ҳамеша бо неруи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунад ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони соҳибмаърифат инчунин заҳматҳои пайгиронаи мо занонро арзишманд меҳисобанд. Боварию эътимоди бузург нисбати мо занону бонувон зиёд дорад. Чунки занону модарон ба ғайр аз рисолати модарӣ доштанашон дар ҳама соҳаҳои гуногуни ҷомеа фаъолият менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки бо дастуру роҳнамоии Роҳбари мамлакат дар давоми солҳо бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани мақоми манзалати занон, барномаҳои давлатӣ, санади меъёрҳои ҳуқуқӣ таҳия ва ҷонибдорӣ карда шуд. Мо занону модарон ва аъзои ҲХДТ вазифадорем, ки барои ҳифзи забон ва таъриху фарҳанги миллӣ, расму оинҳои миллати тоҷик риояи либосу анъанаҳои фарҳангиро бар дӯш дорем. Масъулият бар дӯш дорем, барои тарбия кардани фарзандони солиму бомаърифат, забондон, дорои ҷаҳонбинии васеъ, инчунин аз таъсири ахлоқи зишт, кирдорҳои ношоям, истифодаи фарҳанги бегона бар дӯш дорем. Нагузорем, ки фарзандон рӯ ба бегонапарастӣ оранд. Занону модарон қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Пас мо занону бонувон бештару бештар шукргузор бошем, ки бо роҳбарии Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии мо бонувон, манзалати занонро осоиштагию сулҳу ваҳдатро таъмин намудааст, ки занону модарони миллати тоҷику Тоҷикистон барои бунёди зиндагии аз ин ҳам саодату осуда, оилаҳои солим дошта бошанд. Барои ба ин ниятҳои нек расидан ба кулли модарон таманно дорам, ҳамеша дар кишвари биҳиштосоямон сулҳу ваҳдат поянда бошад ва ба қадри ин заҳтатҳо ҳамагон бояд саҳмгузор бошем!

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи

МИҲД аъзои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Расулова Тоҷинисо.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *