ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ – ҚОБИЛИ АРҶГУЗОРИСТ!

Панҷшанбе, 26/12/2024-08:25

(Ба ифтихори 30 солагии таъсисёбии ҲХДТ ва Анҷумани ХV-уми ҲХДТ)

Таърихи 18 декабр дар Кохи Борбад таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани ХV-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 1450 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид. Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо 30 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, Анҷумани ХV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро кушода эълон намуд. Дар анҷумани ХV-уми ҲХДТ ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва дигар мақомоти сохторҳои ҳизбӣ, ҳамзамон Оиннома ва Барномаи ҲХДТ барои 5 соли минбаъда дар таҳрири нав тасдиқ гардида, Ситоди марказии интихоботии ҳизб таъсис дода шуд. Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли 30 сол фаъолияти ин ниҳоди сарҷамъкунандаи миллат, созандаю бунёдкорро мавриди андешаронӣ қарор дода, қайд карда шуд, ки ҳизбе, ки мо барои таъсиси он бунёд гузоштем баҳри хизмати мардум ва халқ равона карда шуда, шиори ҳизбии мо “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” низ таҷассумгари ғояҳои ҳизбӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар саросари кишвари азизамон халқи тоҷикро ба мафкураи ягонагӣ ва бародариву баробарӣ сарҷамъ кардааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 30 соли фаъолияти бобарор ба се самти муҳими ҷомеа, ташаккули афкори ҷомеа дар роҳи шинохти моҳияти давлатдории миллӣ ва сафарбар намудани нерӯи бузурги халқи заҳматдӯсти тоҷик ба ободонии Ватан ва ташаккул додани тафаккуру завқи баланди созандагӣ афзалият дода, ба дастовардҳои бузург ноил гашт.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо фарогири самту соҳаҳои иделогӣ, балки иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошад. Яъне, воқеан ҳам, имрӯз барномаи ҳизб ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистонро фаро мегирад, ки бояд низ чунин бошад. Барнома ва ҳадафҳои ҳизб аз рӯзҳои аввали ба фаъолият шурӯъ карданаш барои амалӣ кардани ормонҳои ҳазорсолаи халқи ҷафокашидаи тоҷик равона гардида, корҳои анҷомдодаи ин ниҳоди муҳимми сиёсӣ низ шоҳиди ин гуфтаҳо мебошад. Барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ нақши асосиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро карданд ва мардумро раҳнамоӣ намуда, миллати тоҷикро аз вартаи нестӣ наҷот доданд. Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 30 соли фаъолияти худ пайваста саъю талош намуда, дар раванди ноил гаштани миллату давлати тоҷик ба мақсаду маром ва орзую ормонҳо саҳми арзанда гузошт. Яке аз нақшҳои асосии Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми парокандаи Тоҷикистонро пас аз солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳам овардан ва муттаҳид намудан мебошад.

Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат буд, ки нақши занон ва ҷавонон дар ҷомеа баланд гардид. Дар яке аз суханрониҳояшон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: ”Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташабуссҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгароёна ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.

Мақсаду маром ва ҳадафи асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ояндаи босаодат сохтан аст. Ҳар шаҳрванди бедордил ва ғамхор имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро интихоб намудааст, ки ин хиради воло ва аз ҷониби дигар минбари бузурги сиёсӣ будани ин ҳизби миллӣ дарак медиҳад. Корҳои анҷомдода дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ нишонаи он аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон набзи ҷомеаро меомӯзад ва бо миллат ҳамандешаву ҳамроҳ аст.

Шарипова Н. Қ. Мудири шӯъбаи кор бо занони

КИ ҲХДТ дар н. Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *