Чоршанбе, 25/12/2024-15:40
Мо хушбахт аз он ҳастем, ки дар маҷмааи кохи “Борбад-и” шаҳри Душанбе дар Анҷумани XV-уми Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ҳамчун вакил иштирок намудем. Дар ин анҷуман роҳбари Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикичтон Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон иштирок намуда, маҷлисро оғоз намуд.
Дар анҷуман фаъолияти 30 солаи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикичтон арзёбь гардид. Мо аз фаъолияти 30 солаи ин ҳизби созандаю бунёдкор бархурдор гардида, як ҷаҳон таассуроти хуб гирифтем. Фаъолияти сиёсии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар тӯли мавҷудияташ барои пешрафти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи имрӯз таъсири калон расонидааст. Аз он ҷумла ислоҳотҳо дар соҳаи таҳкими қонунгузорӣ миллӣ, демократикунонии ҳаёти ҷомеаи навбунёди Тоҷикистон, аз нав таҳрезӣ намудани сохтори давлатдорӣ ва идора, гузариш ба иқтисодӣ бозоргонӣ, ҳамкории бисёрҷониба бо давлатҳои дигар ба хотири таъмини сиёсати сулҳофари ва рушд, сохтмони роҳҳо, пулҳо ва нақбҳо барои раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ , бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, таҷлили санаҳои таърихӣ ва бузургдошти шахсиятҳои барҷаста, ислоҳот дар соҳаи маориф, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, сохтмони биноҳои нави ба талаботи замон ҷавобгӯи таълимӣ, баланд бардоштани соҳаи иҷтимоиёт тавассути давра ба давра баланд бардоштани маош ва нафақа, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, сохтмони беморхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, истироҳатгоҳҳо ва осоишгоҳҳо ва ғайра, ки барои пешрафти Ватани азизамон нақши калон доранд.
Мо ҳамчун аъзоёни Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар оянда низ ин роҳи созандаю бунёдкорро бо ҳамроҳии Раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дода, барои пешрафти ҳамаҷонибаи кишварамон саҳми худро мегузорем.
Тоҷиддин Абдуллоев,
Узви Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш