ҲИСОБОТИ раиси ноҳияи Вахш оид ба тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар 11 моҳи соли 2024

25/12/2024-15:35, чоршанбе

Соли 2024-ум барои мардуми ноҳия соли бобарор ба ҳисоб рафта, бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ, рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, меҳнаткашони ноҳияи Вахш самаранок меҳнат намуда, дар давраи ҳисоботии соли 2024 ба дастовардҳои хуби меҳнатӣ ноил гардидаанд.  

 Аз ҷумла, дар доираи нақшаи амали барномаҳои соҳаи кишоварзӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ, дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ, 24 ҳазору 340 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, нисбат ба соли гузашта 5 гектар зиёд мебошад.

Кишти зироати асосӣ – пахта бошад, дар майдони 9 ҳазору 460 гектар гузаронида шуда, истеҳсоли он аз 22 ҳазору 610 тонна, ба 15 ҳазору 942,8 тонна расонида шуда, 70,5 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад, ки ба ҳар як гектар, 16,9 сентнерӣ рост меояд.

Дар ин давра дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия:

 Истеҳсоли ғалладонагиҳо, ҳамагӣ 62 ҳазору 376,4 тонна (109,2%),  45 сентнер

* сабзавот ҳамагӣ 114 ҳазору 554,4 тонна (106,7%),  335 сентнер 

* полезӣ 58 ҳазору 719,4 тонна (118,3%),  380 сентнер   

* мевагиҳо 11 ҳазору 816,3 тонна (152,5%),  86 сентнер

* ангур ба 6 ҳазору 885,8 тонна (140,5%),    95 сентнер  

* гӯшт ба 11 ҳазору 229,5 тонна (107,5%),

* шир ба 21 ҳазору 970,1 тонна (105,4%),

* тухм ба 7 миллиону 116 ҳазор дона (156,5%) расонида шуда, нисбат ба соли 2023 афзоиш аз 106 то 156 фоизро ташкил медиҳад.

Аммо, истеҳсоли гушти мурғ нисбат ба соли гузашта 50,5 тонна кам мебошад.

 Содироти маҳсулоти  кишоварзӣ ба хориҷи кишвар  аз рӯи накша, ки 4 ҳазору 300 тонна пешбинӣ шуда буд, 4 ҳазору 317,1 тонна ё 100,4 фоиз иҷро шуд.

 Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба 2 миллиарду 21 миллиону 462 ҳазор сомонӣ ё 108,6 фоиз  расонида шуда, ки нисбат ба соли гузашта, 159 миллиону 268 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ба ҳолати имрӯза дар ноҳия:

– саршумори чорвои калони шохдор ба 54 ҳазору 888 сар расонида шуда, 3 ҳазору 921 сар зиёд;

– саршумори моли майдаи шохдор ба 192 ҳазору 65 сар расонида шуда, 11 ҳазору 905 сар зиёд;

– саршумори парранда бошад, ба 152 ҳазору 306 сар расонида шуда, 1 ҳазору 495 сар зиёд мебошад.

Барои беталаф ва солим нигоҳ доштани чорво дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, дар ноҳия 58 ҳазору 10 тонна хошоки дурушт ва 36 ҳазору 210 тонна хасбеда, нисбати соли гузашта 3 ҳазору 300 тонна зиёд мебошад.

Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷет бо дар назар доштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 71 миллиону 175 ҳазору 502 сомонӣ ворид карда шуда, нисбат ба нақша 344 ҳозору 91  сомонӣ зиёд мебошад.

Аммо, ҳоло ҳам дар ҷамъоварии андозҳо бо мушкилотҳо дучор мешавем.

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ нақшаи қисми хароҷоти буҷет бо тағйиру иловаҳо, аз 161 миллиону 736 ҳазору 719 сомонии пешбинишуда, 153 миллиону 659 ҳазору 746 сомонӣ ё ин ки 8 миллиону 76 ҳазору 973 сомонӣ кам аз худ карда шуда, 95 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар ин давра 17 ҳазору 155  нафар нафақагир дар қайд буда, музди нафақа ҳар моҳ сари вақт пардохт шуда, қарздорӣ вуҷуд надорад.

Дар ин давра 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 25,7 миллион долари амрикоӣ маблағгузорӣ шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,7 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ бонкҳои ноҳия ба соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ба маблағи 149 миллиону 450,6 ҳазор сомонӣ қарз додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 42 миллиону 148,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.  

Бо мақсади дастгирии оилаҳои камбизоат, ки 5 ҳазору 173 оила ба қайд гирифта шуда, 180 сомонӣ ба ҳар як оила, ҷамъ 3 миллиону 172 ҳазору 374 сомонӣ ҳаққи пардохти қувваи барқ, расонида шуд.  

Дар доираи иҷрои “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027”, аз 2 ҳазору 328 нафар шаҳрванди бекор, ки барои дарёфти ҷойи корӣ ба Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия муроҷиат кардаанд, 1 ҳазору 204 нафар расман ба қайд гирифта шуда, ба 590 нафар мақоми бекорӣ дода шуд, ки нисбати соли гузашта 88 нафар зиё мебошад.

Соли 2024 дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 259 миллиону 494,8 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 22 миллиону 408 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 109,5 фоизро ташкил дод.   

 Корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ дар ин давра ба 108 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ё ба маблағи 39 миллиону 246,7 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, фондҳои асосии ба кор андохташуда 67 миллиону 880,4 ҳазор сомонӣ ва хонаҳои истиқоматӣ 9 ҳазору 480 метри мураббаъро ташкил медиҳанд.

 Бахшида ба  таҷлили ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёду таъмири 150 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин ҷониб 82 иншоот ё 54,7 фоиз иҷро гардидааст.

Дар 25 иншоотҳо корҳои сохтмонӣ идома дошта, 4 адади дигар барои ба истифодадиҳӣ омода шуда истодаанд.

Ҳамзамон, берун аз нақшаи тасдиқгардидаи  35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи соҳибкорон ва аҳолии ноҳия  4 адад пул бо дарозии 66 метр ба  маблағи 540 ҳазор сомонӣ, асфалтпушкунӣ 13,8 километр ба маблағи 4 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, шағалпушкунӣ 20 километр ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ, ҳамагӣ ба маблағи 4 миллиону 840 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Вобаста ба рушди соҳаи саноат корҳои сохтмонии 2 адад корхонаи истеҳсоли хишти пухта ва 1 адад корхонаи мурғпарварӣ оғоз гардиданд.

Ҳамзамон, сохтмони 4  адад хонаи 8 – 9 ошёна идома доранд.

Муроҷиатҳо оид ба сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ ниҳоят зиёд ворид гардида истодаанд, ки мо имконият дорем, ки нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро то 250-300 адад расонем.

Дар ин давра аҳолии ноҳия ва хоҷагии халқ дар ҳаҷми 126 миллиону 501 ҳазор кило Волт соат ба маблағи 25 миллиону 806 ҳазор сомонӣ қувваи барқ истифода намудааст.

Ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда 75,2 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 72,5 фоизро ташкил медиҳад.

Қарздории истифодаи нерӯи барқ аз ҳисоби корхонаю ташкилотҳо 26 миллиону 284 ҳазору 522 сомонӣ ва аз ҳисоби аҳолӣ 36 миллионуи 473 ҳазору 320 сомонӣ, дар маҷмӯъ 62 миллиону 757 ҳазору 842 сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо, аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳурӣ 208 ҳазору 267,8 сомонӣ ҷудо гардида, ба мабалғи 145 ҳазору 787 сомонӣ роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва 62 ҳазору 480 сомонӣ роҳои  аҳамияти маҳаллидошта таъмири асосӣ ва ҷорӣ карда шуданд. 

 Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон дар 6 адад пули ноҳия ба маблағи 530 ҳазор сомонӣ таъмири асосӣ карда шуд.

Инчунин, 16,5 километр роҳҳо, аз ҷумла дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти “Файзи истиқлол”-4 километр, “Зарнисор”-3,5, Рӯдакӣ-2,5, Ваҳдат-4,9, Машъал-0,5 ва  шаҳрак-1,1 километр ба маблағи 4,2 миллион сомонӣ асфалтпӯш карда шуданд.

 Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва дастгирии соҳаҳои мансуб ба он яке аз вазифаҳои муҳими ҳадафҳои асосии рушди миллӣ ба шумор меравад.

 Бо мақсади таълиму тарбияи томактабӣ дар ноҳия 8 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, 797 кӯдак ва дар 69 маркази инкишофи кӯдак 208 гурӯҳ ташкил шуда, 6 ҳазору 706 кудакро фаро мегирад.

Дар маҷмуъ 7 ҳазору 503 кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд, ки 30 фоизро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти ҳамасола дар ноҳия зиёд шудани шумораи хонандагон беш аз 2 ҳазор нафар аз ҳисоби синфҳои якум зиёд шуда, мушкилоти ҷойи нишаст ба вуҷуд меояд.

Барои ҳалли ин мушкилот  соли 2024 дар назди 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 20 синфхонаи иловагӣ барои 1 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст сохта ба истифода дода шуда, дар назди 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохтмони 60 синфхонаи иловагӣ барои 3 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст идома дорад. 

Аз тарафи Лоиҳаи “КАССА – 1000” бинои мактабҳои №12, 25, 45 бо 10 синфхона дар ҳар як мактаб, дар умум барои 1 ҳазору 500 ҷойи нишаст дар ду баст сохта ба истифода дода шуд.

 Аз тарафи Сафорати давлати Япония бинои мактаби №22 бо 8 синфхона барои 400 ҷойи нишаст дар ду баст сохта мавриди истифода қарор гирифт.

Аз ҳисоби Лоиҳаи рушди барвақтии кӯдак барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон 4-маркази саломатии деҳотӣ пурра таъмир ва бо таҷҳизот таъмин гардида, сохтмони бинои Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия идома дорад.

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ 332 хонандагони болаёқат барои иштирок дар даври олипиадаҳои вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Инчунин, дар даври ниҳойии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 1 – нафар сазовори ҷойи 3 – юм гардид.

Барои фаъолияти самарабахши муассисаҳои таълимӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, ба андозаи 100 фоиз таъмин гардида, 1 ҳазору 34 тонна ангишт, беш аз 1 ҳазору 30 метри мукааб ҳезум, 1 ҳазору 700 литр сӯзишвории дизелӣ ва дигар маводи сӯхт захира карда шудааст.

  Дар сохторҳои госпиталии ноҳия дар 11 моҳи соли равон                    5 ҳазору 929 нафар бемор бистарӣ ва ба табобат фаро гирифта шуданд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо аз тарафи масъулони соҳаи фарҳанг, мунтазам мулоқоту вохӯрӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ доир карда шуда истодаанд.

         Нақши занон дар ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург буда, 113 ҳазору 346 нафари аҳолии ноҳияро занонун духтарон ташкил мекунанд, ки 50,7 фоизи ахолӣ мебошанд.

         Дар раванди сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат вобаста ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, 298 зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият намуда, ки 115 нафар дар соҳаи хизмати давлатӣ буда, 11 нафар нисбати соли гузашта зиёд аст.

         Дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф  2 ҳазору 372  нафар, нисбати соли гузашта 103 нафар зиёд, тандурустӣ, фарҳанг, бонкҳо, соҳибкорӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ хамчун роҳбар ва корманд фаъолият намуда, саҳми арзанда гузошта истодаанд, ки нисбат ба солҳои пешин шумораашон зиёд шуда истодааст.

         Дар солҳои 2019-2024 тибқи квотаи Президенти мактабҳои олиро 41 – нафар духтарон хатм карда, дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд.

Дар ин давра ҷиҳати пешбурди корҳои ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз рӯи усули “Хона ба хона” аз моҳи январ то 11 моҳи  соли 2024 дар  сатҳи ноҳия  бо 14 ҳазору 411 оила корҳои инфиродӣ бурда шудааст, ки ҳангоми мулоқот вобаста ба рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи  кӯдак”  “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” оид ба ободонии маҳал, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, худкушию худсузӣ сӯиқасд ба ҷон, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, дӯст доштани ватан модар, фарогирии ҷавондухтарон ба таҳсил, никоҳи бармаҳал, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани  навхонадорон, ба тариқи расмӣ  хонадор  намудани  ҷавонон  корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.

Аммо, вайрон шудани оилаҳо, ки доғи рӯз буда, дар   11  моҳи соли равони 93  ҳолати  бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, 59 ҳолат кам гардида бошад ҳам, ташвишовар боқӣ мемонад    

Сабабҳои ҷудо шудани оилаҳои ҷавон бефарзандӣ, таҳаммул тоқат накардани ҳамдигар, дахолати шахси сеюм, якдигарфаҳмӣ набудан, ва ба зиндагии мустақилона омода набудани ҷавонон мебошад.

          Дар сиёсати ҳамешагии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сиёсати давлатии ҷавононро дар мадди аввал гузоштаанд.

Дар давоми соли ҷорӣ дар ноҳия 283 чорабиниҳои оммавию варзишӣ, солимгардонӣ ва 110 суҳбату мулоқотҳо доир карда шуд.  

Теъдоди умумии майдончаҳои варзишӣ то ин давра дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия ба 93 адад расонида шудааст.

  Шумораи умумии сайёҳони дохилию хориҷӣ дар соли 2024 ҳамагӣ 1000 нафарро ташкил дод, ки аз ин 200 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 800 нафарашро сайёҳони дохилӣ дар бар мегирад.

 Бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳия 8 комиссияи доимӣ ва 70 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият дошта, дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 1 ҳазору 507 туйи домодию арӯсӣ ба қайд гирифта шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 22 кам мебошад.

 Хароҷоти умумии туйҳои домодию арӯсӣ 6 миллиону                  124 ҳазор сомониро ташкил дода, ба ҳар як маърака 3,6 ҳазор сомонӣ рост меояд.

Дар ин давра аз тарафи комиссияҳои доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба танзими ҷашну маросим, 19 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст.

Муроҷиати шаҳрвандон ва коргузорӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба роҳ монда шуда, дар ин муддат аз тарафи раиси ноҳия дар рӯзҳои чоршанбе ва шанбе 1 ҳазору 633 нафар шаҳрвандон қабул карда шуда, вобаста ба дархост, таклиф ва пешниҳодҳои онҳо дар доираи имкониятҳо чораҳои зарурӣ андешида шуд.  

Дар давраи сипаригардида ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш аз мақомотҳои болоӣ 2 ҳазору 240 ва аз ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ 664 мактубҳо ворид гардида, ба 1 ҳазору 856 мактубҳо аз ҷониби раис, муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия ҷавоб гардонида шудаанд.

Яке аз самтҳои муҳими давлатдорӣ, ин ҳимояи марзу буми кишвар ва устувории Артиши миллӣ мебошад.

Бо мақсади даъвати тирамоҳии ҷавонони солҳои таваллуди 1997-2006 ба сафи Артиши миллӣ 293 нафар ё 100 фоиз ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шуданд.   

Дастовардҳо назаррас бошанд ҳам, талаботи ҷомеа ва роҳбарияти давлат моро масъул месозад, ки ҷиҳати боз ҳам суръат бахшидан ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар ин замина тадриҷан беҳтар гардонидани шароити зиндагии аҳолӣ воситаву имкониятҳои дохилиро самаранок истифода барем.

Ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти корӣ, сатҳи некуаҳволии мардум, ислоҳи камбудию нуқсонҳои ҷойдошта ва дар оянда ноил шудан ба дастовардҳои хуби меҳнатӣ ҳар яки моро зарур аст, ки фаъолияти минбаъдаи хешро куллан тақвият дода, оид ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия  тадбирҳо андешида, тибқи нақшаҳои корӣ масъалаҳоро дар маҳал мавриди санҷиш, омӯзиш ва таҳлил қарор дода, барои пешрафти соҳаҳо таклифҳои мушаххас пешниҳод намоем.

Бояд фаъолияти минбаъдаи хешро дар тамоми самтҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия тақвият бахшем.

Хоҳишмандам, дар арафаи идҳо, санаҳои таърихӣ ва соли нави мелодӣ, ки дар арафаи он қарор дорем, ҷиҳати расонидани кумакҳои моддиву молиявӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва бепарасторон саҳмгузор бошед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *