ЧАРО ОИЛАҲОИ ҶАВОН ПОШ МЕХӮРАНД?

         Оила сутуни ҷомеа ва давлат мебошад. Рӯз то рӯз ҷудошавии оилаҳо, хусусан оилаҳои ҷавон дар ноҳия зиёд гаштааст. Ин ҳолат на танҳо аҳли ҷомеа, балки Роҳбари давлатро низ ба ташвиш овардааст.

Оила ячейкаи хурди ҷамъият буда, нахустин мактаб ва макони асосии таълиму тарбия аст. Агар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистонро ба назар биорем, як оилаи бузурги тоҷикон аст, ки аз оилаҳои хурд иборат аст. Мо вазифадорем, оилаи устувору солим дошта бошем. Ҳамаи он рукнҳое, ки барои устувории оила асос мешаванд, дар зиндагӣ истифода барем ва нагузорем, ки оилаҳои ҷавон пош хӯранд. Ба ин хотир мо бояд ба ҷавонон ҳамеша сару кор дошта бошем, моҳияти ин масъалаи муҳимро сари вақт фаҳмонида диҳем, то онҳо тавонанд, аз паёмадҳои мусбии ин падида огоҳ гарданд.

          Омили аз ҳама асосӣ дар ин маврид он аст, ки ҳамон ҷавононе, ки оила бунёд мекунанд, барои бунёд кардани оила омода нестанд. Яъне моҳияти ҳамин масъалаи муҳими иҷтимоиро намефаҳманд. Дигар масъалааш ин  аз ҷиҳати иқтисодиву молӣ таъмин набудани оилаҳо мебошад. Барои ҳамин бо нозҳои кӯдаконаву эркагӣ суханҳои якдигарро тоқат намекунанд. Аз ин хотир байни онҳо ҷанҷол мехезад. Баъд ҳолатҳое мешаванд, ки калонсолон низ ба ин кор дахолат мекунанд. Ҷонибҳоро тарафдорӣ мекунанд, дар натиҷа ба ҷойи он ки оила обод шавад, вайрон мешавад. Мо-калонсолон бояд, дар байни ҷавонон корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ барем ва барои устувории оила дар ҳама сатҳ ташаббус зоҳир намоем. Пеш аз он, ки оилаи ҷавонеро бунёд кунем, ба онҳо дар зиндагӣ дуо диҳем, барои мо бисёр зарур аст, ки онҳоро ба ҳаёти оиладорӣ омода созем. Инчунин дар ҷамоатҳо, шаҳру ноҳияҳо, бояд гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда, ба монанди ҳуқуқшиносон, зиёиён, равоншиносон, намояндагони дин, Кумитаи кор бо занон ва оила, шахсони рӯзгордидаву ботаҷриба бошанд, ки бештар дар ВАО оид ба ин масъала маводҳо нашр кунанд.

Падару модар дар оила мақоми асосӣ бузурге доранд.  Барои ҳамин ҷавонон вазифадоранд ба падару модар эҳтиром гузошта, онҳоро дӯст доранд. Волидайн бошанд, дар навбати худ вазифаи худро иҷро кунанд. Яъне фарзандонро омода кунанд ба ҳаёти мустақилона. Аз рӯзҳои нахустин ба фарзандон мустақилфикриро тарбия кунанд. То  дар мавридҳои ҳассос мустақилона ба як қарор омаданро ҷавонон донанд. Яъне дар тарозуи ақл бурду бохти зиндагӣ ва андешаҳояшонро бар кашида, чизи мусбатро ба худ гирифта тавонанд. Имрӯз мебинем, ки аксаран ҷавонон кӯшиш мекунанд, ки духтарони таҳсилдидаро бигиранд. Чунки модаре, ки таҳсилдида ва босавод аст, фарзанди ӯ низ бомаърифат ба дунё омада, ба камол мерасад. Аз қадим то ба имрӯз зани тоҷик зани бомаърифат буд. Имрӯз низ  зани тоҷик боиффат ҳаст. Ҳарчанд бархе аз онҳо таҳсилдида ҳам  набошанд, лекин иффати занона, ахлоқи Шарқиёнаи худро доранд. Дар зиндагӣ  хеле пурмасъуланд. Ҳамаи модарони тоҷик то ҷое, ки дониш ва фаҳмишу дин доранд, масълиҳатҳои хуб ба фарзандони хеш медиҳанд. Яъне муносибати  фарзанд ба падару модар дар оилаи тоҷик бисёр устувор буда, эҳтироми тарафайн доранд.

Ба ҷавононе оила бунёд карданианд, чунин маслиҳат медиҳам, ки пеш аз оиладоршавиашон аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Кӯшиш кунанд, ки ба нафаре оиладор шаванд хешу таборашон набошад. Барои ҳамин ихтилоот ба ҳамин хотир аст, ки мо аз хешу табори худ ҳамсар интихоб накунем. Бояд, ки аз ҳар гӯшаву канори гуногун, бигузор чӣ қадаре, ки ҳамсарон аз ҳамдигар дур яъне хеши наздик набошанд, фарзанди онҳо ҳамон қадар пурқуввату солим ба дунё меоянд. Миллату давлат ҳамон вақт устувор ва пешрафта мешавад, ки бисёр омезиш ёфта бошад. Барои ҳамин пеш аз ҳама, ба никоҳи хешутаборӣ роҳ надиҳанд. Имрӯз низ ана ҳамон фарҳанги ғановатманди тоҷик, ба фарҳангҳои дигар таъсир доранд, ҳарчанд, худ дар зери таъсири фарҳангҳои бегона мондааст. Метавон гуфт, ки фарҳангу миллати тоҷик устувор аст. Дар баробари ин мо бояд кӯшиш кунем, ки оилаи устувор гузошта бошем ва ана ҳамин устувории мо ҳамешагӣ то абад поянда бошад.

Ҳикматулло Сиҷоатов,

сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *