ДУ БАРОДАР БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТАНД

02/10/2024-13:12

Ду бародар Ҳасану Ҳусейн, сокинони Ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлоли Тоҷикистон  пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умуумии №14-и ноҳияи Вахш ба сафи родмардони Ватан – Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардиданд, то қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии худро дар назди Ватан – Модар сарбаландона иҷро намоянд.

-Ман бо ифтихор мегӯям, ки ҳар яке аз мо дарси худшиносию ватандӯстӣ ва содиқонаву самимона хидмат кардан ба кишвари соҳибистиқлоламонро аз муассисаи таълимӣ омӯхтаем. Аз ин ҷост, ки пас аз ман додарони ватанпарасту меҳандӯст  низ ба сафи родмардони Ватан дохил гардид, -мегӯяд Ҳасан

Роҳатон сафед, сарбозони шуҷои меҳандӯст! Дар иҷрои ин вазифаи масъулиятнок дар роҳи хизмат ба диёри соҳибистиқлоламон ба шумо саломативу сарбаландӣ ва комёбиҳои беназирро хоҳонам.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *