ҲИФЗИ ВАТАН ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД

02.10.2024-13:00

Дар Муассисаи ғайридавлатии тиббии коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш бахшида ба Рӯзи даъватшаванда чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар имрӯз волидайни даъватшавандаҳо, кормандони ташкилоту муассисаҳо, занону модарон, ҷавонон собиқадорон ба гусели наваскарон омаданд. Ҷавонмардони шуҷои ноҳияи Вахш бо ҳисси баланд меҳандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуданд.

Дар чорабинии сиёсӣ-фарҳангии Рӯзи даъватшаванда раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов, муовини аввал, муовинони раиси ноҳия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуда, суханронӣ карданд.

-Мо тоҷикон шукрона аз он мекунем, ки дар давлати тинҷу амони ва сулҳу ваҳдат зиндагӣ намуда истодаем. Меҳру муҳаббати Ватану ватандориро дар қалби фарзандони худ ҷой диҳем. Бо дуои нек ба хизмати Ватан равон созем, то бо сари баланд хизмати Ватану модарро адо намуда, дар зодгоҳи худ баргашта кору фаъолият намоянд.                       

Ман аз ҷавонони Ватани азизамон хоҳиш менамоям, ки аз хизмати Ватану модар саркашӣ накунанд. Ва бо дуои неки падару модарон қарзи фарзандии худро дар назди халқу Ватан иҷро созанд,-гуфт Қурбоналӣ Юсупов, раиси ноҳияи Вахш.

Ҳамчунин ба наваскарон хони идона ороста, кормандони Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш бо суруди таронаҳои ватандӯстӣ хотири наваскаронро болида гардониданд.

Хадамаоти матбуоти раиси ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *