ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲРИРИ НАВ ҚАБУЛ ГАРДИД

Май 16, 2024 14:15

ДУШАНБЕ, 16.05.2024 /АМИТ «Ховар»/.

Моҳи августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иборат аз 6 боб ва 17 модда қабул гардид. Дар таҳия ва баррасии ин қонун дар баробари ниҳодҳои қонунгузорӣ ҳамчунин бо таклифу пешниҳоду иловаҳо зиёда аз 2 миллион нафар шаҳрвандон фаъолона иштирок доштанд. Зеро ҳадаф аз таҳия ва қабули қонуни миллӣ пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани фарзанд эълон шуда буд ва табиист, ки аҳли ҷомеа ба ин масъалаи муҳим бетараф буда наметавонист. Хусусан бо назардошти он ки қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷумла ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд равона шуда буд.

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, даъвати шашум, ки ҳафтаи гузашта таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар таҳрири нав қабул гардид.

Тағйирот, пеш аз ҳама, ба номи қонун ворид карда шуд. Қаблан қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» номида мешуд, акнун он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ном дорад. Табдил намудани мафҳуми «фарзанд» ба «кӯдак» бо ин сабаб мебошад, ки фарзанд ҳадди синнусолӣ надорад (барои падару модар шахси баркамоли 60-сола низ фарзанд аст). Зимни татбиқи қонуни қаблӣ масъулияти падару модар танҳо нисбат ба фарзандони то 18 — сола пешбинӣ шуда буд. Аз қонун берун кардани мафҳуми масъулияти падару модар низ мантиқӣ мебошад. Зеро дар таҳрири нави қонуни тарбияи кӯдак масъулият танҳо ба падару модар тааллуқ надорад. Акнун дар таълиму тарбияи кӯдак дар баробари падару модар ҳамчунин мактаб низ масъулият дорад.

Тавре Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саид­зода иттилоъ дод, дар қонуни нав бори аввал принсипҳои масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ҷалби аҳли ҷомеа ба таълиму тарбияи кӯдак, мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои муассисаи таълимӣ ва омӯзгор ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак пешбинӣ шуданд.

Мувофиқи моддаи 8 қонуни нав ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ пешбинӣ гардидааст. Дар моддаи 9 дар ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ амалигардонии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак муқаррар шудаанд.

Қаблан падару модар фарзандони худро ба хешу ақрабо бе ягон расмиёт супорида, ба давлатҳои дигар мерафтанд. Хешу ақрабо масъулиятро нисбат ба кӯдак ба уҳда нагирифта, нисбат ба онҳо барои иҷро накардани уҳдадориашон тадбирҳои дахлдор андешида намешуд. Дар натиҷа кӯдакон ба оворагардӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо даст зада, аз таълиму тарбия дур мемонданд. Дар сархати 7 моддаи 1 қонуни нав дар баробари падару модар инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигаре, ки кӯдак воқеан таҳти таълиму тарбияи онҳо қарор дорад, масъул гардиданд.

Дар қонуни нав иштироки мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ҳамоҳангсозӣ дар фаъолияти онҳо, муайян намудани ваколатҳои ин ниҳодҳо дақиқан нишон дода шудааст.

Қонуни нав ҳамчунин шумораи аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ ва ҳайати онро дақиқ муқаррар кардааст. Бояд гуфт, ки дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимӣ татбиқкунанда ва назораткунандаи талаботи қонуни мазкур комиссияҳои ҷамъиятӣ мебошанд. Ҳамзамон дар салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудани тасдиқи низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак пешниҳоди бамаврид буда, фаъолияти ин комиссияҳоро пурра ва ҳаматарафа ба танзим медарорад. То ҳол чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ дар амалия мавҷуд набуд.

Узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Солеҳа Холмаҳмадзода гуфт, ки қонуни нав аз муқаддима, 7 боб ва 25 модда иборат аст. Муҳимияти қонуни нав ин аст, ки дар чордаҳ моддаи он муносибатҳо оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак ва ҳуқуқу уҳдадориҳо аз ҷониби падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда, омӯзгор, муассисаи таълимӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақоми ваколатдор ва дигар вазорату идораҳо ва аҳли ҷомеа дар моддаҳои алоҳида оварда шудаанд.

Зимнан, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои қаблан қабулшуда тадбири амалӣ мебошад. Ба ифодаи маъруф, «қонун догма нест» ва моро мебояд бо назардошти таҷрибаи ҳаёт, сабақҳои рӯзгор, ҷавобан ба тағйироти босуръати замони муосир вокуниши саривақтӣ нишон диҳем, аз равандҳои замону ҷаҳон қафо намонем.

Қаблан низ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат таҳия шуда буд. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» бори дигар далели он аст, ки Пешвои муаззами миллат ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд ва зарур донистанд, ки тарбия танҳо бар дӯши падару модар набошад, балки дар ин раванди мураккабу мушкил дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ низ иштироки масъулона дошта бошанд. Мақсади асосии дар таҳрири нав қабул кардани қонуни миллӣ пурзӯр намудани муносибатҳо оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак, дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихор аз Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ ба роҳ мондани таълиму тарбияи кӯдак ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак мебошад.

Тавре вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода таъкид намуд, «таълиму тарбияи дурусти кӯдакон, манъ намудани онҳо аз корҳои зишту нораво, дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва бо ахлоқи ҳамида тарбия намудани онҳо яке аз масъалаҳои асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Таълиму тарбияи кӯдак дар ҳамкории зичи се ниҳоди иҷтимоӣ — оила, мактаб ва ҷомеа амалӣ мешавад. Бинобар ин, тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дар ин самт худро масъул ва уҳдадор донанд».

Акрам САНГЗОДА,

АМИТ «Ховар»

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *