НАБОЯД МАНФИАТҲОИ ГУРЎҲӢ ВА ШАХСӢ БОЛОТАР АЗ МАНФИАТҲОИ ДАВЛАТӢ ВА МИЛЛӢ БОШАНД!

Чоршанбе, 25/05/2022-11:18

Имрўзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ойинаи нилгун мебинем, ки инсонҳо ва ҳатто давлатҳои пешрафта бозичаи дасти дасисабозону манфиатҷўён гардида истодаанд.

Мамадбоқир Мамадбоқиров низ бозичаи дасисабозону гурўҳҳои манфиатхоҳ гардида, ҳодисаҳои нангини моҳи ноябри соли гузашта дар Хоруғу Роштқалъаро такрор намуд.

Мамадбоқир Мамадбоқиров ва ў барин гумроҳгаштагон, дар иҷрои дастуру супоришҳои хоинонаи хоҷагони худ даст ба силоҳ заданд, лекин бинед, ки дар муноқишаи дохилии худӣ чизеро тақсим карда натавонистанд ва аз дасти худи ҳаммаслакон кушта мегарданд.

Оё онҳо фикр намекарда бошанд, ки имрўз ҷомеаи шаҳрвандӣ дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, кулли ҷавонон худшиносу аз манфиатҳои миллӣ пуштибонӣ мекунанд.

Лекин мутаасифона, ҳоло ҳам ҷавононе ҳастанд, ки аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ноогоҳ ва нодидагиранд. Барангехтани адовати миллию нажодиро пеша карда, бо амалҳои ноҷавонмардона ба хоинони ашаддии миллату давлат, экстремист ва террористон мепайванданд. 

 Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлубе мебошанд, ки имрўз яке аз проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфта, террористон бо амалҳои ваҳшиёна, таркондану оташ задани иншооти ҳаётан муҳим, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, куштор, ташвиқ намудани ғояҳои ифротӣ, созмон додани гурўҳ ва ташкилотҳои террористӣ, содир намудани ҷиноятҳои хавфнок дар дили мардуми осоишта тарс меафкананд.

Тавассути сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, маълумотҳои бардуруғро ифшо карда, дастурҳои иғвоангез ва бо ваъдаҳои бардуруғ сафи аъзои худро зиёд мекунанд.

Бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба ин равияҳои номатлуб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» ва 21 ноябри соли 2003 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» имзо гузошт, ки имрўз ҳама ниҳодҳои давлатию ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи онҳо саҳм гузошта истодаанд. Чунки, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм як қисми таркибии таъмини амният дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, вазъияти ташвишовар дар кишвари ба мо дȳсту ҳамсоя  Афғонистон барои Тоҷикистон хавфу хатарҳои зиёд эҷод карда истодааст.

Манфиатдорони нооромии кишварамон ва ё хоҷагони хориҷии Мамадбоқирҳо барои осонии кори террористон, дар кишварҳои интихобкарда аз иғво истифода бурда, аввал вазъи дохилиро ноором карда, дар кишвар бетартибиҳоро ба вуҷуд оварда, суботи сиёсиро аз байн мебаранд.

Зуҳуроти дигари терроризм «силоҳи иттилоотӣ» мебошад, ки вақтҳои охир Муҳаммадиқболи Садриддин дар сомонаи ифротӣ-террористии «ислоҳ нет» бо супориши  хоҷагони хориҷӣ мунтазам бар зидди давлату миллати тоҷик маводҳои бардурғ ва бофтаро ба нашр расонида, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст мекунад.

Дар урфият мегўянд, ки «Агар ғайбати худиро кунӣ, меҳри бегона мепарад» вале ин ватанфурўшу бегонапараст ягон зарра ҳисси миллӣ надошта, танҳо манфиатхоҳи хоҷагони хориҷии худро болотар аз Ватан ва миллат мегузорад.  

Муҳаммадиқболи Садриддин  ва ҳамроҳони ў, ки дар хизмати хоҷагони хориҷӣ мебошанд, бо роҳи гадоӣ пули бедарди миён кор карда, худро дар дигар давлатҳо бечораву ҷабрдида нишон дода, ба муқобили мардуми тоҷик санг намезаданд.

Онҳо бехабар аз он ҳастанд, ки «Боғбон гулро об медиҳаду гулоб талаб мекунад». Набояд он бародарони мо «дар нохунак» фаромȳш кунанд, ки хоҷагонашон пулро бе миннат ба онҳо медиҳанд. Бар ивази пул талаб мекунад, ки нисбат ба Ватан-модар ҳар рўз бояд як дурȳғи бофтаи нав  эҷод карда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар расонаҳо паҳн карда, мардум ва аз ҷумла муҳоҷироне, ки барои дарёфти рисқу рўзии аҳли оила дар хориҷи кишвар қарор доранд, бар зидди сиёсати имрўзаи давлат ва Ҳукумати кишвар даъват намоянд.   

Агар онҳо ҳисси миллӣ, нангу номуси ватандорӣ дар ниҳоят виҷдон медоштанд, ба ин диёри биҳиштосоямон, ки сулҳу салоҳ ва амният таъмин аст, хиёнат намекарданд.

Мамадбоқир ва ҳаммаслаконаш ҳам аз айнан ҳамин тоифа буда, барои иҷрои дастурҳои хоҷагонашон кўшиш карданд, ки ҷомеаро ба носолимӣ оварда расонданд ва ҷону ҷалоли чандин ҷавононро зери таҳдиду хатар гузоранд. Он ҷавононе, ки фирефтаи найрангҳои дасисабозон гардидаанд, падару модар доштанд, шояд оила барпо накарда буданд, падару модарашон дар дил ҳазорҳо умед мепарвариданд, ки фарзандашон дар пирӣ асои қомати хамгаштаи онҳо бошанд. Лекин афсȳс, ки барои террорист Ватан, миллат, модар, арзишҳои фарҳангӣ, дину ойин ва дастовардҳои миллӣ ягон арзиш надоранд.  

Лекин, миллати тоҷик бо тоҷдор буданаш ифтихор мекунад, ҳаргиз виҷдонфурўшу миллатгаро нест. Барояш ҳар як ваҷаб хоки поки Тоҷикистон муқаддас буда, миллати онро ба хусусиятҳои ҷуғрофӣ тақсим намекунад. Онҳое, ки ҳоло ҳам тоҷиконро ба “худиву бегона” қисмат мекунанд, онҳо тоҷик ҳам нестанд.

 Бадахшону Зарафшон, Хатлону Рашт Ҳисори шодмон ва дигар манотиқи кишварр як тану як ҷонанд.  

Барои нигоҳ доштани якпорчагии Ватани азизамон, рушду пешрафти он, ояндаи фарзандон, насли наврас, ҳаёти осоишта мо бояд якҷоя дар муқобили ҷинояткорӣ мавқеи устувор дошта бошем.

Таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки то ҷинояткорӣ решакан нашавад, дар кишвари азизамон зиндагии осуда ва пешрафт насибамон нахоҳад шуд. Мардуми сарбаланди Бадахшон ба хубӣ ҳис кардаанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Тоҷикистон барои ободонии вилояти Бадахшон, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он, аз ҷумла дар соҳаҳои саноату энергетика ва роҳсозию нақлиёт корҳои зиёде анҷом додааст.

Яъне, Бадахшон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбарияти Олии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар натиҷаи амалӣ гардидани сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар Бадахшон ба як минтақаи транзитӣ табдил ёфт.

Аммо, агар амалҳои ҷинояткорона дар маркази вилоят – шаҳри Хоруғ идома ёбад, имконият барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фароҳам намегардад, ки инро мардуми осоишта ва бофарҳанги Бадахшон ба хубӣ ҳис мекунанд.

Чи хеле мушоҳида кардем, дар моҳи ноябри соли 2021 як қатор ҷиноятҳо дар Хоруғ  содир карда шуд, ки чанд муддат роҳи асосӣ, роҳи  байналмилалӣ, ки тавассути он тамоми молу маҳсулот аз хориҷа ба кишварамон ва аз кишварамон ба хориҷа кашонда мешавад, баста шуда буд.  

 Итминон дорем, ки имрўз тамоми сокинони вилояти Бадахшон, хусусан сокинони шаҳри Хоруғ ва атрофи он ба таври оштинопазир ва устуворона дар муқобили ҷинояткорӣ мавқеъ гирифтаанд.  Ба ҳаргуна, иғвогариҳо ва таблиғоти душманону бадхоҳон, ки имрўз дар баъзе расонаҳои хабарӣ ҷой доранд, дода намешаванд.

Мо шукронаи давлати соҳибистиқлоламонро карда, дар атрофи сиёсати созандаи Раҳбари давлат муттаҳид мешавем ва тамоми қувваю имкониятамонро барои пешрафти Ватани азизамон ба кор барем.

Рисолати бузурги ҳар як фарди Тоҷикистон, новобаста аз миллат, нажод ва дин, ба наслҳои оянда Тоҷикистони азизро ободу зебо ба мерос гузоштан аст.  

Бобоҷон Саидов,

Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Вахш

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *