СУЛҲУ ВАҲДАТ АЗ БАРОЯМ ДАВЛАТ АСТ

Шанбе, 09/04/2022-08:20

Сулҳу суботу амн барои инсон неъмати бузургест.

Аз ин рȳ, Аллоҳ таъоло ба сабаби амн қарор гирифтани Макка дар ояти 67-уми сураи Анкабут фармудааст:

«Оё надидаанд, ки мо ҳарами бо амн пайдо кардем, ҳол он ки мардум гирдогирдашон рабуда мешаванд. Оё чизе беаслро бовар медоранд ва неъмати Худо носипосӣ мекунанд».

Неъмати амн аз дунё ва ҳама сарватҳояш беҳтар аст, зеро Расули Акрам (с) фармудаанд:

«Касе аз шумо саҳар аз ҷой бархезад, дар худ амнро ҳис кунад ва  дар бадан тансиҳатӣ ва дар назди ȳ рисқи ҳамонрȳзааш бошад, чунон аст, ки барояш дунё ҷамъоварда шудааст».

Зиёд шудани ин неъмат ба шукргузорӣ мешавад, Зеро Аллоҳ таъоло дар сураи Марям ояти 7-ум фармудааст:

«Ва он вақт, ки Парвардигори шумо хабардор сохт, ки агар шукр кунед, ба шумо зиёд диҳам ва агар носипосӣ кунед, ҳар оина азоби ман сахт аст».

Ҳамчунин, Расули Худо барои шукргузорӣ фармудаанд:

«Касе, ки камро шукр накунад, бисёрро шукр натавон кард ва касе мардумро шукр накунад, Худоро шукр натовон кард».

Мутаассифона, имрȳз баъзе одамон бахусус баъзе аз ҷавонон ношукри неъъмат карда, барои ноором кардани кишвар ба ҳар гуна гурȳҳҳои ифротӣ, ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ шомил шуда, бо ақидаи хоми дар талоши халалдор сохтани сулҳу ваҳдати комили меҳананд. Чунин ҳизбу ҳаракатҳо худ гумроҳанд ва дигарон ҷавонони содаву зудбоварро ба доми худ кашида, онҳо гумроҳ месозанд.

Бинобар ин шумо боре ба кишварҳое, ки дар онҷо низоми амн вайрон шудааст, назар андозед, ки аҳли он  кишвар ҳаёти осуда надоранд. Мактабу бозорҳояшон баста, дар масҷидҳо таркиш ба амал меояд. Мардумашон гурезаву сарсону саргардонанд. Воқеияте, ҳаст, ки солҳои 1990-1992-юм дар кишвари мо рух дода буд ва аз Худованд илтиҷо мекунем, ки ҳаргиз ин рȳзи сахтро ба сари миллати тоҷик наорад. Яке аз роҳҳои асосии ҳифзи амну субот ин итоат ва фармонбардории роҳбарияти кишвар аст. Ин ҳама ободонию созандагӣ файзу баракат, ки дар кишварамон шудааст, танҳо шахси ношукр, носипос, кȳрнамак ва муғриз тинҷиву сулҳу суботи кишварамонро чашми дидан надоранд. Мо бояд шарр ва бадии аҳли фасодро аз кишвари худ  дур созем. Танҳо ваҳдату иттиҳод ва якдилӣ бо кумаки Худованд метавонад Ватани моро аз бадии ҳар гуна бадхоҳону душманони миллати тоҷик нигаҳ дорад.

Қурбонназар Давлатов,

сархатиби ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *