ОЗМУНИ «ВАТАНПАРВАР»

Сешанбе, 22/02/2022-11:07

Дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Ватанпарвар» баргузор гардид, ки дар он муовини раиси ноҳияи Вахш Гулҷаҳон Маҳмадализода, раиси Иттифоқи кормандони соҳаи маорифи ва илми вилояти Хатлон, раиси ҲХДТ дар ноҳияи Вахш О. Маҳмадов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш  С. Валиев, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш А. Неъматов, ҳамчунин собиқ кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки айни замон дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд, ширкат варзиданд.

Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо машғулиятҳои гуногуни ҳарбӣ-ватандȳстӣ дар назди ҳозирин баромад карда, ғолибон бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ шуданд.

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *