СОХТМОНИ ИНШООТҲО ДАР НОҲИЯИ ВАХШ ИДОМА ДОРАД

Ҷумъа, 18/02/2022-17:28

Дар ноҳияи Вахш дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони як қатор иншоотҳои таъиноташон гуногун бомаром идома дорад. Дар ноҳияи Вахш сохтмони бинои таълимӣ ва хобгоҳи коллеҷӣ махсусгардонидашуда аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ аз тарафи Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 48 милиону 912 ҳазор сомонӣ бинои Коллеҷи аграрӣ идома дошта, сохтмончиён бо масолеҳи сохтмонӣ пурра таъмин буда, кӯшиш бар он доранд, ки ба талаботи замони муосир онро сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Бинои коллеҷ аз панҷ ошёна иборат буда, мувофиқи лоиҳаи сохтмонӣ хобгоҳ барои 1 ҳазору 200 нафар донишҷӯ, хобгоҳ барои омӯзгорон, ҳамчунин бинои нигоҳдории техникаи кишоварзӣ ва дигар шароитҳои зарурӣ тибқи лоиҳа амалӣ хоҳад гардид. Коллеҷи махсусгардонидашуда, дар майдони 6,8 гектар ҷойгир мебошад. Сарвазири мамлакат аз рафти корҳои сохтмонии коллеҷи махсусгардонидашуда аз наздик ошноӣ пайдо намуда, ба масъулин ва сохтмончиён дастур дод, ки дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд онро сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои таълиму тадрис ба хонандагони мактаб – интернати ноҳия бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи сохтмони мактаб – интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳия ба нақша гирифта шудааст. Зикр бояд намуд, ки бинои таълимӣ барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст ба нақша гирифта шуда, ҳамчунин хобгоҳ барои 480 кат, ошхона барои 480 нафар пешбинӣ шуда корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад. Мувофиқи лоиҳаи пешбинишуда, синфхонаҳои мактаб-интернат бо таҷҳизоти таълимии замонавӣ, мизу курсӣ, инчунин хобгоҳ бо рахтҳои нави хоб ва ҷиҳози истироҳатӣ муҷаҳаз гардонида мешаванд.

Иҷрокунандаи рафти корҳои сохтмонӣ ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии “Эҳёи Сомон” буда бояд то муҳлати муайяншуда мактаб – интернати кӯдакону ятиму бепарастори ноҳия бо сифати баланд ва ба тарзи муосир сохта ба истифода дода шавад.

Ҳамчунин дар ноҳия аз ҷониби соҳибкори ватанӣ хобгоҳи коллеҷи тиббии хусусии ноҳияи Вахш дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маблағгузории соҳибкори ватанӣ Юсупов Шералӣ дар маркази ноҳия сохта шуда дар арафаи анҷмёбӣ қарор дорад. Дар раванди корҳои сохтмонӣ зиёда аз 30 нафар мутахассисон ба кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Бинои хобгоҳи коллеҷи тиббӣ аз 5 ошёна иборат буда, дар он тамоми шароитҳои муосир барои донишҷӯёни Колеҷи тиббии хусусӣ, мувофиқи лоиҳаи сохтмонӣ муҳайё карда мешавад. Арзиши умумии иншоот зиёда аз 3 миллион сомониро ташкил дода, то ин давра наздики 90 фоизи корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расонида шудааст.

Баъди ба истифода додани бинои хобгоҳи писаронаи Коллеҷи тиббии хусусии ноҳия шароити мусоиди зист ба донишҷӯёни коллеҷ ба вуҷуд омада, сатҳу сифати корбариро беҳтар мегардонад.

Ҳуҷраҳои истиқоматӣ бо тамоми шароитҳои муосир зист, рахти хоби замонавӣ таъмин гардонида шуда, гармидиҳии иншоот тариқи барқӣ ба роҳ монда шуда, дар тамоми ҳуҷраҳои хобгоҳ дастгоҳҳои гармидиҳанда ва хунукидиҳанда насб карда мешавад.

Иншооти мазкур ба маркази ноҳия ҳусни нав зам намуда, рангу бори беруни бино бо унсурҳои хоси миллию муосир роҳандозӣ карда шудааст, ки зебогии биноро дучанд мегардонад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *