ИСРОФ ҲАРОМ АСТ

Сешанбе, 22/12/2020-14:38

Бо даст овардани соҳибистиқлолии мамлакат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади хубтару беҳтар гардидани миллати тоҷик тадбирҳои зиёде андешида истодааст. Истиқлолияти давлатӣ аз лиҳози сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоии илмиву фарҳангӣ беҳтарин шароитро барои миллат, баҳри беҳбудии рўзгори ояндаи халқи азият кашидаи тоҷик фароҳам овард. Он ҳама аз ҷонфидои кушишу ғайрати ҷавонмардонаи бесобиқаи Пешвои муаззами миллат  дарак медиҳад. Миллати парешонгаштаи тоҷик бисёр душвориҳои зиёдеро паси сар намуданд.

Аз як тарф вазъ ноором, вазъияти иқтисодӣ, набудани барқ мардумро-ҳама ин ноумед насохт, дилмонда накард, чунки ҳама бовар доштанд, ки ин камбудиҳо паси сар хоҳанд шуд, умед доштанд, ки пуштибон доранд ва ҳамеша барои зиндагии хуби мардум заҳматҳо менамоянд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Шукронаи истиқлолият, сулҳу ваҳдати миллӣ  рўз то рўз он камбудию норасоиҳо ҳалли худро ёфтанд. Мардум тинҷу ором, осудаҳол гаштанд, шароитҳои зиндагӣ хуб шуд. Беҳуда нагуфтаанд:

Аз ноумедиҳо басо умед аст,

Поёни шаби сиёҳ сафед аст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки барқарорсозии НБО-и Норак, Таҷдиди НБО-и Сарбанд, Таҷдиди НБО-и Қайроқум ба осони ба даст наомадааст. Дар баробари мавафақиятҳо низ каму беш мушкилот аз ҳисоби норасоии барқ мардуми тоҷикро ба ташвиш овард. Аммо барои бартараф намудани чунин мушкилот каме вақт лозим меояд. Ѓамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат нисбати барқарор намудани камбудиҳо хело назаррас буданд. Меҳнати шабонарўзии ў буд, ки дар муҳлати хеле кутоҳ ба мувафақиятҳо ноил шудем. Месазад, ки мо шаҳрвандон қувваи барқро самаранок истифода барем шукрона аз тинҷию амонӣ, шукрона аз давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд дунявию ягона намуда аз тамоми шароитҳое, ки давлату ҳукумат барои мо фароҳам овардааст истифода барем. Фарзандону насли ояндасози миллатро дар рўҳияи ватандўстию хештаншиносӣ худогоҳу, фарҳангдўст тарбия намоем.

Тоҷикистони биҳиштосоямонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Тоҷикистон ба пеш!

Мо бо Шумоем Ҷаноби Олӣ.

Расулова Тоҷинисо

Аъзои фаъоли ҲХДТ

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи

Вахш аз ҳавзаи интихоботии №9                     

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *