16/11/2020-13:22
Дар маҷмаи “Офтобак”-и Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷиктсон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш таҳти роҳбарии раиси ноҳия Қурбоналӣ Қувватзода Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҳисси ватандўстию худогоҳӣдар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил гардид.
Пеш аз оғози намоиш меҳмонон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз намоиши асарҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Дар намоишгоҳ асарҳои пурарзиши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Қувватзода оғоз намуда, бори дигар аз роҳҳои пурмашаққати тайнамудаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва ризоияти миллӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.
Барномаи фарҳангии омоданамудаи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба иштирокдорони чорабинӣ хотири болида бахшид.