Шанбе, 03/10/2020-17:00
Тариқи шабакаи интернетии You Tube ҳамоиши ПМТ ё собиқ роҳбару аъзои ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ – ро тамошо карда чунин хулосабарорӣ намудам, ки ин ашхос танҳо ивази ном намуданду халос. Зарурати таъсиси ПМТ рӯйпӯш намудани қатлу куштор, барангехтани кинаю адовати миллӣ, тафриқаандозиву бадбинии мазҳабие мебошад, ки бо даъвоҳои беасосу иғвоангезашон соҳибистиқлолии кишвари азизамонро зери суол мебаранд. Дар асл имрӯз мардуми Тоҷикистони азиз соҳиби ин неъмати бебаҳо буда, Истиқлолиятро чун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд ва азиз мешуморанд. Эълон кардани паймони зиддимиллии «ПМТ» ҳамчун неруи мухолиф ҳеҷ асоси воқеӣ надорад. Зеро рақобати солим дар ин ташкилот дида намешавад. Мухолиф метавон ашхосеро номид, ки дар паи ислоҳи камбудист, на дар паи тафриқаву амалии нақшаву ниятҳои нопок ё дар пайи туҳмату буҳтон дар ҳаққи роҳбари давлату дигар шахсиятҳо. Ба ҳамагон маълум аст, ки махсусан пеш аз чорабинии муҳими сиёсӣ-Интихоботи Президентӣ, ҳаргуна гуруҳҳо, шахсони алоҳида, ташкилотҳои террористию экстремистӣ зери ҳар ниқобе мехоҳанд аз ин чорабини истифода намоянд. Паймони миллии Тоҷикистон ё ТТЭ ҲНИ зери роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ имрӯз ба чанд зергуруҳ тақсим гардида, бо як барнома, бо як ҳадаф, бо як мақсад бо чанд нафар сагони ватанфурӯш имрӯзҳо дар шабакаҳои интернетӣ баромад намуда, мехоҳанд муҳоҷирони меҳнатиро ҳамчун механизми амалигардонии ҳадафҳои нопоки худ истифода намоянд, вале бояд муҳоҷирони меҳнатии мо, ҳеҷгоҳ фаромӯш насозанд, ки ин хоинон ҳеҷгоҳ дар пайи осон намудани мушкилии онҳо нест баръакс давлату ҳукумат ҳамавақт дар паи осон намудани мушкилоти муҳоҷирони меҳнатист ва чандин шартномаҳо бо давлати Федератсияи Россия баста шудааст, ки то ба имрӯз амал мекунанд. Бинобар ин мо-ҷавононро зарур аст, ки дар ҳар куҷое, ки бошем, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии худ ифтихор намоем ва барои ҳимояи марзу буми ин ватани аҷдоди ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошем.
Худойдод Ёров, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш