ХИЁНАТПЕШАГОНИ МИЛЛАТ

Сешанбе, 29/09/2020-21:18

Дар хориҷи кишвар имрӯзҳо иддае аз фарзандони хиёнатпешаву гумроҳи миллат бо роҳбариву роҳнамоии хоҷагони хориҷии худ кӯшиши идомаи фаъолияти ғайриқонунӣ намуда истодаанд. Ин гумроҳон, ки қаблан бо сӯйистифода аз номи дини мубини ислом бо иғвоангезӣ мардумро ба қатлу куштор ва зидди ҳокимияти амалкунанда бармехезониданд имрӯзҳо низ кӯшиши бо номи демократ содир намудани аъмоли зишти хешро намуда истодаанд.

Барои душманони миллат, ки Ватан, миллат ва дину мазҳаб ҳеҷ арзиш надорад таъсис додани ташкилоти ифротие бо номи Паймони миллӣ ба ҷуз аз бадномкунии номи Тоҷикистони азиз дигар чизе нест. Бо таъсиси чунин ташкилоту паймон ва ё анҷуману дигару дигар ин тангназарон мехоҳанд ба чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ хок пошида дар ақсои олам сари тоҷдори мардуми кишварро хам созанд.

Ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом маҳз бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои шахсиву гуруҳӣ ҳамагуна арзишҳои миллиро паси по зада, роҳбарони он чӣ гуна барои рехтани хуни ноҳақи мусалмонон фатво содир менамуданд.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи азими роҳбарони ҳизби миллаткуш, яъне собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагони хориҷии онҳо, яъне хоинону душманони миллати тоҷик ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон рух дод, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гардид. Мақсади асосии онҳо дар Тоҷикистон бунёд намудани давлати исломӣ ва зӯран ба сари мардуми мо таҳмил кардани фарҳанги бегона буд.

Ин дастаи хоинони миллат ҳатто баъди имзои созишномаи сулҳ низ, ки 27-уми июни соли 1997 сурат гирифт, дар давоми чандин сол ба кирдорҳои нопоку душманонаи худ – тарконидани иншооту биноҳо, қатлу куштор ва террор идома дода, ҳатто якчанд маротиба ба табаддулоти ҳарбиву давлатӣ даст заданд

Хушбахтона бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом памони миллӣ низ дар Тоҷикистон ба сифати ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф гардида аст.

Мардуми мо, хусусан, наврасону ҷавонон бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки ваҳдати миллии тоҷикон саҳлу осон ба даст наомадааст. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон бо ин, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст

Алихон Хидиров, омӯзгор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *