Чоршанбе, 23/09/2020-10:42
ДУШАНБЕ, 23.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш ҳамчунин Маҷмааи фарҳангии “Офтобак” -ро мавриди истифода қарор дода, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ дидан карданд.
Маҷмааи фарҳангии “Офтобак” бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Қурбоналӣ Юсупов дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат ҷиҳати истиқбол аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Иншоот дар назди Хоҷагии деҳқонии тухмипарварии “Кӯлоб” дар масоҳати 1100 метри мураббаъ қомат афрохта, корҳои сохтмониро 40 нафар бинокорони варзидаи маҳаллӣ анҷом додаанд.
Маҷмаа дорои толори барҳаво барои баргузории чорабиниҳои гуногун бо 1500 ҷойи нишаст мебошад.
Бинои маҷмааи фарҳангӣ бо усули меъмории миллӣ сохта шуда, деворҳои он бо манзараҳои дилфиреби Ватан оро ёфтаанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бунёди иншоот дар доираи эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд гардида, метавонад муаррифи зебоиҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияи Вахш барои меҳмонону сайёҳон бошад.
Атрофи иншоот дар доираи тадбирҳои ободонӣ зебо гардонида шуда, барои истироҳати меҳмонону сайёҳон суҳбаткада, фаввора ва ҳайкалчаҳо бунёд шудаанд.
Дар ноҳияи Вахш дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такмили инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, рушди фарҳанг ва дар маҷмӯъ фароҳамсозии шароити хуби истироҳату фароғат барои сокинон тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.
Соҳибкорони бонангу номуси ноҳияи Вахш бо мақсади саҳм гузоштан дар иҷрои корҳои созандагӣ баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистон аз имконоту шароити фароҳамкардаи давлату Ҳукумати мамлакат ҳамаҷониба истифода мебаранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз намоиши дастовардҳои кишварзон ва саноати хӯроквории ноҳияи Вахш дидан карданд.
Дар намоишгоҳ беҳтарин навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни мева дар шакли тару хушк, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо, ки бо истифода аз тухмиҳои аълосифат ва риояи қоидаҳои агротехникии замини аҳли заҳмати ноҳия кишту парвариш кардаанд, ба таври васеъ муаррифӣ карда шуд.
Кишоварзони ноҳияи Вахш дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти истифодаи оқилонаи ҳар порча замин ва таъмини амнияти озуқаворӣ сармашқи кори худ қарор дода, ҳамасола бо гирифтани ҳосили фаровон дар ғановати бозори истеъмолӣ саҳми шоиста мегузоранд.
Дар ноҳияи Вахш зиёда аз 6540 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, заминҳои корам 16815 гектарро ташкил медиҳанд.
Кишоварзони ноҳия ҳамасола бо истифодаи пурсамари ҳар қитъа замин ва тухмиҳои серҳосили зироат, дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа маҳсулоти фаровон ба даст меоранд.
Аснои боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастранҷи меҳнаткашони ноҳия иттилоъ дода шуд, ки дар 8 моҳи соли 2020 дар ноҳия 28255 тонна ғалладонагӣ, 8423 тонна картошка, 57797 тонна сабзавот, 39339 тонна полезӣ, 2602 тонна меваҷот, 3615 тонна ангур, 3725 тонна гӯшт, 11406 тонна шир, 1 миллиону 510 ҳазор дона тухм ва 21 тонна асал истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 100-108 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат зиёда аз 4232 тоннаро ташкил намуда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 276 тонна зиёд мебошад.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, аз ҷумла истеҳсолоти корхонаҳои коркарди шир, консервагиҳо, шириниҳо ва дигар навъи маҳсулот ба маъраз гузошта шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди ноҳия 22 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 8 моҳи соли равон ба зиёда аз 78 миллион сомонӣ расидааст.
Дар ноҳия барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат аз тамоми имконот истифода мешавад ва дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба кор андохта хоҳад шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Хоҷагии деҳқонии тухмипарварии “Кӯлоб” дидан карданд.
Хоҷагии мазкур дар ихтиёри худ 930 гектар замин дорад ва заҳматкашони он соли равон дар майдони 773 гектар пунбадона, аз ҷумла дар 251 гектар пунбаи навъи “Маҳиннахи 9326-В” кишт кардаанд.
Дар хоҷагӣ 1100 нафар фаъолият дошта, ҳамасола то 2319 тонна ҳосил ба даст оварда мешавад, ки ин нишондод ба ҳар гектар 30-сентнерӣ рост меояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чинакчиёни хоҷагӣ суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Хоҷагӣ ҳамчунин дорои 20 гектар боғ буда, меваҳои хуштамъу лазизи он дар бозори дохилӣ ва берун аз мамлакат низ талабгорони зиёд дорад.
Аҳли заҳмати Хоҷагии тухмипарварии “Кӯлоб” баробари кишту парвариши пахта ва ниҳолҳои мевадиҳанда дар самти кирмакпарварӣ низ таҷрибаи хуб доранд.
Ба иттилои масъулони соҳа, ҳамасола кирмакпарварони хоҷагӣ 200 қуттӣ кирмак парвариш мекунанд, ки дар миқёси ноҳия 50 фисадро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи аҳли заҳмати Хоҷагии тухмипарварии “Кӯлоб”-ро дар ноҳияи Вахш намуна арзёбӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳои дар ихтиёрдошта ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот ба онҳо дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.