МЕЪМОРИ ҚАСРИ ВАҲДАТ

Панҷшанбе, 10/09/2020-18:57

Ба гузаштаи таърихи  халқи тоҷик назар андозем, мебинем, ки  чи  қадар тағйироту  табадулотҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти миллати тоҷик рух додааст. Ҳукми такдир будааст, ки  миллати  сарбаланду  худогоҳи  тоҷик бо вуҷуди шуру ошубҳои замона, боду боронҳои айём  тавонист, ки асолати миллии  худро нигоҳ дорад.

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик дар ҳеҷ давру замоне бар сарзамини бегонае пой намонда, бар сари  миллате теѓ накашидааст. Миллати тоҷик аз қадимуллаём миллати тамаддунофар буд. Аз маъхазҳои таърихӣ бар меояд, ки  халқи тоҷик дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти  иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ  пештоз будаанд. Дар ин замина қайд кардан ба маврид аст, ки пешво, вазирону подшоҳон дар рушду пешрафт ва тараққиёти ҷомеа саҳми босазои худро  мегузоштаанд. Маҳз фазилату заковати фитрии худовандӣ буд, ки миллати азиятдидаю ҷабрдидаи тоҷик тўли солҳои начандон тўлонӣ дар ҷаҳони муосир ҳамчун миллати сулҳофар ва ваҳдатофар шинохта шуд. Халқи тоҷик шукргузор аз тақдиру сарнавишти азалии худ мебошад. Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи рангину дурахшонеро  сабт намуд, ки ҳамчун «Иҷлосияи тақдирсоз»  маъруф мебошад.                                                                                     

Даргириҳои дохилие, ки  дар ҷумҳурии азизамон ба амал омад, гўё санҷиши тақдир буд дар сарнавишти миллати мо. Бар ивази хунрезию ҷонбозиҳои ҷавонмардони оқилу доно заковатманду ватандўст халқи тоҷик ба орзуву ормонҳои ҳазорсолаи худ расид.

Дар аӣёме, ки кишварро гирдбоди яъсу ноумедӣ, даҳшати ҷанги бародаркуш фаро гирифта буд, Худованд барои миллати тоҷик фарзанди фарзонаеро қудрати сарварӣ дод, ки  ҷаҳониён шефтаи ҳунари роҳбарии ў гаштанд. Дар он лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсози миллат, ки Тоҷикистони азизамон бо чи қадар мушкилотҳои  сиёсӣ, иҷтимоӣ,  иқтисодӣ  рў  ба  рў гашта буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бовариву эътимоди устувор низоми давлатдориро ба роҳ гузошт. Ҳанўз дар солҳои пурошуби   1994- ум вақте, ки мардуми ҷафокашидаи Тоҷикистони азиз умед ба ояндаи кишвар ва Сарвари ҷавони  худ доштанд,  бо барномаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно гаштанд. Ҳадафҳо ва самтҳои барнома хеле муҳим ва эътимодбахш буд. Зеро сухани ў ҷавонмардона, содиқона ва оқилона буданд: «Ман ба савганди худ, ки ҳанўз дар рўзи нахустини ба сари ҳокимият омаданам ёд карда будам, содиқам». Аз рўзҳои нахустини ба сари вазифа омадан бо пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек, ки пандномае аз ниёгон аст, фаъолияти худро оѓоз намуд, ки  моломоли  ташаббус,  эътиқод  ба халку миллат, мақсаду маромҳои  муваффақона буд.

Қабул гаштани Сарқонун (Конститутсия)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Бахтномаи  миллат»  бо таѓйироту иловаҳо,  Суруди миллӣ, Нишон ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон подоши  ранҷу заҳматҳои шабонарўзии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишмандону олимон, коршиносону аҳли зиёи ҷумҳурӣ ба шумор мерафтанд.

Ҳадафҳои пайгиронаи Президенти кишвар аз таъмини сулҳу субот, ваҳдату   якпорчагии  кишвар,  баргардонидани гурезагон,  демократикунонии  ҷомеа,  таҳкими давлатдорӣ,  ҳифзи ҳуқуқ  ва озодиҳои шахрванд,  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иборат буд.  Дар он айём яку якбора дар амал сохтани ҳадафҳо  ғайриимкон буд. Зеро  ҳанўз силоҳбадастон дар бархе  аз  минтақаҳои кишвар бо амалҳои ѓайри қонунии худ мушкилотҳоро ба амал меоварданд. Гурўҳҳои силоҳбадаст кўшиш мекарданд, ки аз сари нав кишварро ба гирдоби ҷангҳои дохили афкананд. Қатлу куштори як зумра олимону зиёиёни миллат шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ аз зумраи чунин амалҳои ѓайриинсонии он афрод буд. Муҳаммад Осимӣ, Сайф Раҳим, Олимпур, Давлаталӣ Раҳмоналиев,  Минҳоҷ  Ѓуломов ва бисёр шахсиятхои маъруф, ки курбони силоҳбадастони ҷоҳил  гашта буданд, ба эътидол  овардани  вазъи  кишварро мураккаб мегардониданд.  

 Гузаронидани ҷаласаву вохўриҳо бо сокинони шаҳру нохияҳои кишвар, гуфтушуниду мулоқотҳо дар   ҳолату   вазъиятҳои  хатарнок  байни гурўҳҳои даргир,  суҳбату  вохўриҳои  судманд бо сарони давлатҳои мухталиф оид ба эътидол овардани кишвар ҷанбаҳои муҳими таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо  мебошад, ки  нақши  муҳиме  дар ин замина мегузорад.   Ба имзо  расидани созишномаи  сулҳи  тоҷикон, ки 27-уми  июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба вуқуъ пайваста буд, дар бунёди давлати демократии  ҷумҳурии азизи мо  заминаи мустаҳкам гузошт. Ин рўзи муборакро  тамоми мардуми Тоҷикистон  бо  ашки  шодию фараҳмандӣ интизор буданд.                  

Зина ба зина, давра ба давра  рушди соҳаҳои  хоҷагии халқи мамлакат дар Паёмҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  ҳар сол ба Маҷлиси Миллии  Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, дар  рушду  пешрафти   соҳаҳои мухталифи  хоҷагии халқи  мамлакат тарҳрезӣ мегардад, ки яке аз дастовардҳои  замони истиқлолият маҳсуб меёбад.

Солҳои  баъди ҷанги шаҳрвандӣ  хонаҳои сўхтаву валангор, заводу фабрикаҳои  бекор хобида, вазъи кори ташкилоту идораҳо хуб набуд, Фаъолияти кори кормандони  соҳаҳо  бо вуҷуди набудани маош пеш  мерафт. Барои навиштану ҳуҷҷату ҳуҷҷатгузориҳо  аз варақҳои сиёҳнависи замони шўравӣ истифода мебурдем.Медонистем, ки  сифати кор на чандон хуб аст, аммо кўшиш менамудем, ки  натиҷабахш бошад. Ҷои музди  меҳнат  маводи хўрока, аз қабили равѓан, гандум баъзан сабзавот дода мешуд, ки шукр мегуфтему қаноат мекардем. Зеро наҳсии  ҷангро  ҳис мекардем. Аз  китобҳо хонда будем, ки дар кадом кишваре, ки ҷанг сар занад, аз паи худ харобию офатҳои зиёд, бемориҳои сироятӣ, қаҳтию хушксолӣ пеш меорад. Ончунон ҷанг дар дили мардум  даҳшат афканда буд, ки  ба забон овардани он  қалбҳоро  пора мекард. Зеро шаҳди  ҷангро аз  кўдаки хурд то пири барҷомонда  чашида будем. Алҳазар аз он рўзҳои   мудҳиш! Бадбахтие, ки ба сари  мардум омада буд, аз ҳама бештар ташвишовар ва дардноктар буд. Зеро аксар хонаводаҳо бесаробон, паҳну парешон гашта буданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайи бартараф сохтан ва беҳбудӣ бахшидан ба ин масъала дурандешӣ менамуд. Президенти  кишвар бо ҳисси масъулиятшиносӣ ҳанўз дарк карда буд, ки кўдакон ояндаи ҷомеа мебошанд.  Борҳо дидаем, ки  дар ҳар вохўрию  суҳбатҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳо  дар назди мардум  мегузаронад,  аз ҳаёти кўдакону оилаҳои  ҳамон маҳал  ошно  гашта,  дар баробари ин кўмакҳои моддию маънавӣ мерасонад. Сохторҳои давлатиро сафарбар месозад, то  вазъи оилвии онҳоро  омўхта мусоидат намоянд.

Зани  солхўрдаеро  дидам, ки ашк аз чашмонаш ҷорӣ гашта, бо ҳисси  ифтихор  мегуфт: дар ҳаёти сарам чунин  подшоҳро надидаам, ки  ба саѓиру кабир  ин қадар меҳрубон  бошад. Он қадар меҳрубон ва дилсўз аст, ки лабу даҳони кўдаки ятимро бо румолчааш пок месозад, ки ин бузургию  ҷавонмардии Сарвари моро нишон медиҳад. Худованд давлаташро зиёда созад, умраш дароз бошад…

Мурод аз ин суҳбати зан он буд, ки ҳангоме Президент Эмомалӣ Раҳмон  ба куҷое сафар намояд, ҳатман аз ҳаёти иҷтимоии  шаҳрвандон, кўдакону барҷомондагон, хурду калони он маҳал огоҳ мегардад, кўмакашон менамояд.  

Ҳама он нобасомониҳое, ки  тўли  ҷанги шаҳрвандӣ рух дода буд,  давра ба давра  таъмиру тармим сулҳу ваҳдат ва якпорчагии мамлакат  пойдор гашт, ки ин ҳама маҳсули   кўшишу  заҳмат ва ранҷҳои кашидаи  ҷавонмардони баору  номуси  миллати тоҷик мебошад.  Дар ин раванд  хизмати  шоиста ва бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  назаррас аст. Ҷаҳониён   аз мактаби Эмомалӣ Раҳмон, ки намунаи барҷастаи  ҳунари роҳбарииву давлатдориро  инъикос менамояд,  меомўзанд ва  ба кор мебаранд. Мутаассифона, ба ҳеҷ роҳбари давлате чунин  ҳунар даст надода. Мегўянд, ки шахсиятхои таърихӣ  баъди ҳазорсолахо ба халқу миллате  насиб мегардад, ки на танҳо ба як халқу миллат, балки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ низ тааллуқ доранд. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Даҳсолаи об барои ҳаёт» яке аз масъалаҳои  сатҳи  ҷаҳонӣ буда, аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид  пазируфта шуда, ба тасвиб расидааст.

Баргузории  Симпозиуму конференсияҳои байналхалқӣ оид ба  об  сарчашмаи ҳаёти башарӣ ҳамчун  масъалаи глобали  қайд гашта, силсилаи вохўрию конференсияҳои байналхалқӣ байни давлатҳои дунё гузаронида мешавад, ки ин далел ба он аст, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои дар ҳолати рушд қарор дошта бошад, ҳам ба таѓйирёбии иқлиму вазъи экологии ҷаҳон бетараф нест. Шукр мегўем, ки Худованд ба сарзамини Тоҷикистон  чунин фарзанд бахшид.  Шукр аз он месозем, ки  имрўзҳо ҳаёти осоишта, сулҳу субот  якпорчагии мамлакат побарҷост. Вазъи орому осуда  моро водор месозад, ки пайи тадбирандешӣ оид ба  масъалаҳои иҷтимоӣ дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия бошем. Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки бархурди давлатҳои абарқудрат аз болои халқу кишварҳои нисбатан сусттараққиёбанда ё дар холати рушд қарордошта масъалаи ҷаҳонишавӣ манфиат ва суду зиёни он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳуқуқу озодиҳо, авҷи таассубу дину мазҳабҳо шиддат гирифта истодааст.

Вазъи ҷаҳони имрўза ҳар як фарди худогоҳро водор месозад, ки паи тадбирандеши бошем. Имконияту шароити хубе, ки бо баракати сарвари кишвар тайи 29 соли Истиқлолияти давлатӣ ба ивази ҷоннисориҳо  ба  даст омадааст, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, арзишҳои миллиро қадр созем.

Нооромиҳое, ки  дар кишварҳои  абарқудрат  ба  амал  омада,  дар  оташу  гирдоби  ҷанги  ифротгароён  қарор  доранд  ва  ҷомеаи  ҷаҳониро  ба  ташвиш  овардаанд,  моро  водор  месозад, ки  ҳушёрии  миллиро  мустаҳкам созем, насли  ҷавонро  дар  рўҳияи  худогоҳӣ, ватандўстӣ, эҳтиром  ба  обу хоки сарзамини  азизамон  таълиму тарбия  намоем. Насли  ҷавон  бояд  дар хотир  дошта бошанд,  ки  ин  ҳама  ободию  озодии  кишвар  подоши  ҷоннисориҳои  ҷавонмардони  худогоҳи  миллат, сарвари  тамоми  тоҷикони  дунё, фарзанди  баруманди миллати тоҷик Эмомалӣ  Раҳмон    ба  даст  омадааст. Бо  ифтихори  бузург  гуфта  метавонем, ки  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  шахсияти  барҷастаи  ҷаҳонист. Ў  хизматҳои шоиста   ва  бесобиқа  барои  халқи  тоҷик, Тоҷикистон  ва  ҷаҳониён  менамояд. Бо  вуҷуди  мушкилоти  сиёсиву  иқтисодӣ, зиддиятҳои  душманони  миллати  тоҷик  тавонист, ки  Тоҷикистонро  ба  ҷаҳониён  муаррифӣ намуда,  ваҳдату якпорчагии  кишвари азизамонро, ки ном Тоҷикистон аст, бо эҷодкорию шукуфоӣ  шуҳраи ҷаҳон гардонид. Зеро  Худованд  ба  худододагон  марҳамати  зиёде  менамояд. Ба  қавли  шоир: 

     Ноқобилони   давр  ба  мақсад  намерасанд,

     Дунё  ҳамеша  дар  талаби  марди  қобил  аст.   

Мардони  қобил  дар  ҳама  давру  замон  ангуштшуморанд. Барои  ҷомеаи башар  хизматҳои  арзанда   менамоянд  ва  дар  назди  таърих  чун  шахсиятҳои  барҷаста  ҷовидонӣ  мемонанд. Зеро Эмомалӣ Раҳмон меъмори қасри ваҳдат аст.

Шарофати  Дониёр      

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *