БАҲРИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ

Сешанбе, 18/08/2020 – 08:16

Аксияи ҳизбӣ бо усули “хона ба хона”-ро масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавируси COVID-19  ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки  Кирови ноҳияи Вахш доир намуданд.

Кормандони ҳизбӣ дар ин рӯз бо зиёда 120 нафар сардорони оилаҳо суҳбат намуда, ба онҳо маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирӣ  аз паҳншавии бемории коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *