ҶАВОНОН НЕРӮИ СОЗАНДАИ ВАТАН

Душанбе, 17/08/2020 – 06:23

Дар Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва бақайдгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  Исмоил Ҷалилов бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлиси ғайринавбатии ташкилоти ибтидоии Бахши кор ҷавонон ва варзиши ноҳия баргузор гардид.

Исмоил Ҷалилов дар назди ҳозирин баромад намуда, изҳор дошт, ки ҲХДТ  фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои барномавии худ ба роҳ монда, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар нақши арзанда гузоштааст.

Ҳамчунин, Сунатулло Шарифзода мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия зимни сухарононии худ қайд намуд: -ҲХДТ ҳамчун ҳизби  пешсаф ва сернуфузи ҷомеа ҷойгоҳи сазовори сиёсӣ ва ҷамъиятӣ пайдо кардааст. Мо ҷавононро зарур  аст  дар пайравӣ аз  сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баҳри боз ҳам шукуфон шудани  Ватани-маҳбубамон  бо амалу иқдомҳои созанда талош варзем. 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *