ҲАМЕША СУЛҲРО ХОҲЕМ

Сешанбе, 23/06/2020-18:57

Худованди бузург сулҳро беҳтарин арзиши башарият гуфта инсонҳоро ба барқарор намудани оштиву ҳамдигарфаҳмӣ дар байни гурӯҳҳои ба низою нофҳмӣ омада амр менамояд.

Бешак ҳам вақте сулҳу ваҳдат пойдор бошад, ҷомеа рушд мекунад ё ба қавли Мирзо Турсунзода:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Ҷанги таҳмили соли 1992-юм, ки хеле зиёнҳои нобахшидани овард, аз ёди ҳеҷ шахси огоҳу бедордил дур намеравад. Лекин бо шукргузори аз мардону шахсиятҳои чун Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯзи аввали интихоб гардиданашон ваъдаи сулҳ карданд. “Ман ба шумо сулҳ меорам”. Бо мурури замон ба ваъдаи хеш вафо карданд ва ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро барояшон аз ҷониби халқ дода шудааст, ҳалолашон бод. Зеро Эмомалӣ Раҳмон бо ин амалашон миллатро аз вартаи ҳалокату нобудшавӣ раҳо намуда, тамоми тоҷиконро дар зери як парчам Сулҳу ваҳдат ҷамъ овард. Мардуми Тоҷикистон зери сиёсати раиятпарварронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 23 сол бо комёбиҳои хеле бузург дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ муваффақ шуданд.

Боиси зикр аст, ки дар ҷомеа ашхосе ёфт мешванд, ки (ҳайвонҳое, ки дар қолаби инсонӣ) вуҷуд доранд, ки оромӣ ва ваҳдати миллиро халалдор мекунанд ва мехоҳанд, дар байни аҳолӣ осоишу ягонагӣ пойдор бошад.

Муҳиддин Кабирию дигар ҳаммаслаконаш дур хориҷи кишвар санги маломат ба сӯйи мардуми азияткашидаи тоҷик мепартояд, аз ойни ҷавонмардӣ нест. (Агар хоини ватанфурӯшро “МАРД” номидан раво бошад, албатта дар нохунак). Ин дар ҳолест, ки бемории коронавирус тамоми ҷаҳонро фаро гирифта, худро ба чаҳор тараф зада, чун ҷорчӣ ҳамроҳи Мирзои Салимпур корашон фақат мурдахабаркунист. Беҳтар мебуд агар Мирзои Салимпур аз Кабирӣ машварат намепурсиду сомонаашро “Ахбор ком” нею “Ҷанозахабар ком” мегузошт. Аз фавти ин ё он шахсият дар он сайт ҷо карда, шарт нест, ки онро дастак кунию навори онро пахш созӣ. Ба ҷойи тавбаю надомат мурда ҳам хандахаришу туву Кабирӣ ва дигар косалесони хориҷиён гаштааст.

Худро “мушфиқу ғамхор”-и миллат нишон надиҳед. Бо суханпардозиҳову тӯҳмату бӯҳтон нисбати миллату давлат ба ҷое нахоҳад расид. Чунки умри дурӯғ кутоҳ аст. Мардуми тоҷик дӯстро аз душман фарқ мекунад ва фирефтаи суханҳои подарҳавоят нахоҳад шуд. Ҳамеша барои ҳифзи марзу бум, истиқлолият, муқаддасоту арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ даст ба дасти ҳам дода, таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ба сӯйи ваҳдату ягонагӣ  гом мениҳем.

Хоки поятро Ватан пурмушку анбар мекунем,

Сарзаминатро дифо аз шӯру аз шар мекунем.

Мардумат бо якдигар ёру бародар гаштааст,

Сулҳу ваҳдатро шиори аҳли кишвар мекунем.

Тӯйчӣ Роибов,

хатиби масҷид ҷомоеи ба номи

“Домулло Нуриддин”-и деҳаи Нуробод,

Ҷ/д “Тоҷикобод”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *