САЛОМАТИ ГАНҶИ БЕБАҲО

Душанбе, 18/05/2020-07:36

Яке аз масъалаи мабрами рўз, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин бемории сироятии КОРОНАВИРУС ё  COVID-19 мебошад.

Барои пешгирӣ аз сироятёбии ин беморӣ гурўҳҳои дар ноҳияи Вахш тасмим гирифтааст, ки дар байни мардум корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ барад. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  кормандони масъули Кумита  ҳарчи бештар бо аҳолии ноҳия вохўрию  сўҳбатҳо мегузаронанд, то ки гигиенаи шахсиро риоя намуда, аз ин вабои аср худ ва наздиконашонро эмин нигоҳ доранд.

Бо ҳамин мақсад дар марказӣ ноҳия ба сокинон ниқобҳои муҳофизатии чандкарата тақсим намуда, ба онҳо тарзи истифодабарӣ ва пешгирии ҳамагуна бемориҳоро тавсия доданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *