Душанбе, 18/05/2020-07:34
Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Раиси муаззами Ҳизби Халќии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба пешгирии бемории сироятии КОРОНАВИРУС, ки имрўзҳо ба яке аз мушкилоти асосии сайёра табдил ёфтааст, дар маркази ноҳияи Вахш, аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, ба сокинон ниќобҳои чандкаратаи муҳофизатӣ дастрас карда шуд.
Зимни анҷоми ин амали хайрхоҳона, инчунин ба сокинони ноҳия тарзи дурусти истифодаи ниќобҳо, маводҳои антисептикӣ ва риояи ќатъии гигиенаи шахсӣ фаҳмонида шуд.
Чунин иқдомҳои хайрхоҳона минбаъд низ аз тарафи аъзову ҷонибдорони фаъоли ҳизб ва шахсони саховатпеша, ки аз сиёсати ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манша мегирад, идома дорад.