Душанбе, 18/05/2020-07:32
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати кумак ба муассисаҳои тиббӣ имрўз бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, бо дастгирии соҳибкори бонангу номуси ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, Ризоев Нуралӣ Файзалиевич ба Беморхонаи марказии ноҳия аз номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба қоидаҳои муҳофизат аз сироятёбии бемории сироятии Коронавирус COVID-19, 20000-адад ниқоби муҳофизатӣ, 10 литр маҳлули безараргардонӣ, барои даруну беруни иншоот, 500-адад даспўшак, 50-адад хилъатҳои махсус ва дигар маводҳои лозимӣ ҷамъ бо маблағи 150000-сомонӣ кумак расонида шуд.
Аъзоён ва фаъолони ҳизбии соҳаи тандурустии ноҳия аз ин дастгириҳои пай дар пайи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ва соҳибкори ноҳия Ризоев Н.Ф изҳори минатдорӣ намуданд. Бояд тазаккур дод, ки бо ҷалби Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 ва дар ошёнаи дуюми мағозаи тавҳиди ноҳия сехҳои духти ниқоби муҳофизатӣ бо номи «Мунира» ташкил карда шуд, ки зиёда аз 20-нафар занону духтарони хонашин ба корӣ доимӣ ҷалб карда шуданд.
Барои пешгирӣ ва сари вақт бартараф намудани ин вабои аср дар тамоми саросари кишварамон корҳои фаҳмондадиҳию безараргардонӣ идома дорад, аз ҷумла дар ноҳияи Вахш низ тамоми ташкилоту муассисаҳо барои солимии ҷомеа кўшиш карда истодааст.