СЕМОҲА ҶАМЪБАСТ ШУД

Сешанбе, 21/04/2020-09:35

Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбасти тараққиёти иқтисодию иҷтимоии соҳаҳои хоҷагии  халқи ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2020 баргузор шуд.

Маҷлис таҳти раёсати раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов ҷараён гирифта, дар он муовинони раиси ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимият давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, имомхатибон, фаъолони ноҳия иштирок доштанд.

Оид ба тараққиёти иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқи ноҳия дар семоҳаи аввали соли равон, муовини аввали раиси ноҳия  С. Абдуллозода суханронӣ карда, бурду бохти соҳаҳоро таҳлил намуданд. Дар маърӯза тамоми соҳаҳо баррасӣ шуда, зимни зикри комёбиҳо мушкилоти ҷойдошта низ қайд гардиданд.

Сипас, Қурбоналӣ Юсупов, тибқи далелу ақидаҳои дар суханронӣ қайдшуда, оид ба масъалаҳои ҷамъоварии андоз, ҳаққи хизмати барқ, фаъолияти шуъбаҳои амвол, коммуналӣ, идораи об, муассисаи истифодабарии роҳҳо,  шуъбаи ҳифзи муҳити зист, САҲШ, комиссияи ҳуқуқи кӯдак ва масъулини дигар соҳаҳои фарҳангӣ-иҷтимоӣ пурсиш ба амал оварда, мушкилоти ҷойдоштаро матраҳ ва роҳҳои ҳалли онҳоро баён кард.

Дар кори маҷлис намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ф. Ҳурматзода  иштирок дошт ва суханронӣ кард.

Маҷлис аз рӯйи масъалаи муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *