Васфи баҳору Наврӯз

Панҷшанбе, 26/03/2020-20:52

Халқи тоҷик, халқи соҳибтамаддун аст. Аз қадимулайём ин мардум иду ҷашнҳои зиёдеро таҷлил менамудан, хусусан иди Сада, Наврӯз ва Меҳргон. Вале дар байни ин идҳо Наврӯз бошукӯҳтар ҷашн гирифта мешуд, зеро ки Наврӯз айёми рустанҳо, сабзиши гулу гиёҳ ва буттаву дарахтон аст. Дашту саҳро ва талу теппаю кӯҳсорон қабои махмали рангоранг ба бар намуда, ба қалбҳо фараҳу шодмонӣ меорад.

Насими форами баҳорӣ, чак-чаки борони найсон, хониши мурғони хушилҳон, ҷуфтронии марди деҳқон бо умеди самар, касро бетараф гузошта наметавонанд.

Агар ҳар шахс ин зебоиҳоро бо чашми сар бубинад, пас шоирон онро бо чашми ақл ва бо чашми дил мебинанд. Рассомони чирадаст танҳо як гӯшаи табиатро тасвир месозанд, вале дар шеър оламе нуҳуфтааст.

Васфи баҳори накҳатфазо дар шеъри маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо тамоми зебоиҳо сутуда шудааст, ки мо онро дар порчаи ғазали зерин дида метавонем:

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тииб

Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.

Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,

Гетӣ ба дил ёфт шабоб аз пайи машиб.

Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,

Лашкар абри тираву боди сабо нақиб…

Асоси ҳастии одаму оламро аз чор унсур мешуморанд, яъне Обу Оташ Боду Хок. Боди баҳорӣ кушояндаи ғилофакҳои муғчагони гулу гиёҳ ва сабаби гардолудшавии гулҳо ва билохира мева додани дарахтон ва дигар рустаниҳост. Дар ин маврид шоираи асри Х Робиаи Қарздорӣ чунин мефармояд:

Фишонд аз савсану гул симу зар бод,

Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод, бар бод,

Бидод аз нақши Озар сад нишон об,

Далели лутфи Исо шуд магар бод…

Пайдоиши ҷашни Наврӯзро ба замони шоҳ Ҷамшед нисбат додаанд, ки ин ақидаро мо дар «Шоҳнома» – и безаволи ҳаким Фирдавсии Тусӣ дида метавонем.

Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй,

Аз он баршуда фарраи бахти ӯй.

Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Абдулқосим Фирдавсӣ дар ҷойи дигар мефармояд:

Магар хост андар ҷаҳон растахез,

Ки бифрӯхтӣ оташи меҳр тез.

Ки ман солиён то бад-ин марғзор,

Ҳаме ҷашни нав созам андар баҳор.

Аз манзараҳои дилрабои баҳори файзбор Кисоии Марвазӣ низ ба илҳом омада, мефармояд:

Боди сабо даромад, фирдавс гашт саҳро,

Орост бӯстонро найсон ба фарши дебо…

Ёқутвор лола, бар барги лола жола

Карда бад-ӯ ҳавола, ғаввос дурри дарё…

Олам баҳишт гашта, анбарсиришт гашта,

Кӯҳпора дашт гашта карда нишот боло…

Фаррухии Сиистонӣ ҳам баҳорро хеле хуб сутудааст. ӯ шукуфтани гул, хуррамии замину замонро аз баҳор медонад.

Навбаҳор омаду бишкуфт ба як бор ҷаҳон,

Ба сар афканд замин, ҳар чи гуҳар дошт ниҳон…

Хез, то бар гули нав кӯзачаке бода хӯрем,

Пеш, то аз гили мо кӯза кунад дасти замон.

Дар ситоиши Наврӯз Манучеҳрии Домғонӣ чунин мефармояд:

Боди Наврӯз ҳаме дар бӯстон зоҳир шавад,

То ба сеҳраш дидаи ҳар гулбуне нозир шавад.

Гул, ки шаб соҳир шавад, пажмурда гардад бомдод,

В-ин гули пажмурда чун соҳир шавад, зоҳир шавад.

Дар ин радиф Абулқосими Унсурӣ низ нигоштааст:

Боди Наврӯзи ҳаме дар бӯстон бутгар шавад,

То зи сунъаш ҳар дарахте луъбате дигар шавад.

Боғ ҳамчун кулбаи баззоз пурдебо шавад,

Бод ҳамчун таблаи аттор пуранбар шавад…

Ҳаким Умари Хайём дар асари «Наврӯзнома» – аш оид ба баробаршавии шабу рӯз, оғози кори деҳқонӣ ва суннатҳои ҷашни Наврӯз аз замони Каюмарс маълумотҳои дақиқ овардааст. Тибқи асари Умари Хайём солшуморӣ аз рӯи ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ ва замин ба инобат гирифта шудааст. Ба андешаи Хайём чун ниёгони соҳибмаърифатамон Наврӯзро оғози кори деҳқонӣ, айёми кишту кор сари сол низ мегуфтанд. Умари Хайём низ дар рубоиёти хеш, дар бораи Наврӯз чунин нигоштааст:

Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,

Дар саҳни чаман рӯйи дилафрӯз хуш аст.

Аз дай, ки гузашт, ҳар чӣ гӯйӣ, хуш нест,

Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст.

Шайх Саъдӣ низ Наврӯзи оламафрӯзро хеле барҷаста тасвир намудааст.

Алами давлати Наврӯз ба саҳро бархост,

Заҳмати лашкари сармо зи сари мо бархост.

Бар арӯсони чаман баст сабо ҳар гуҳаре,

Ки ба ғаввосии абр аз дили дарё бархост.

То барояд кулаҳи қоқуми барф аз сари кӯҳ,

Язаки тобиши хуршед ба яғмо бархост…

Ҷалолуддини Балхӣ низ аз омадани баҳор ба илҳом омада, мефармояд:

Омад баҳори ошиқон, то хокдон бӯстон шавад,

Омад ниои осмон, то мурғи ҷон паррон шавад.

Ҳам баҳр пургавҳар шавад, ҳам шуъла чун гавҳар шавад,

Ҳам санг лаъли кон шавад, ҳам ҷисм ҷумла ҷон шавад.

Гул чашму ҷони ошиқон, чун абри тӯфонбар шавад,

Аммо дил андар абри тан, чун барқҳо рахшон шавад…

Ҳақ бар ҷониби Ҳумоми Табрезӣ аст, ки боди навбаҳор ба машом бӯйи биҳишт меорад, гуфтааст. Дар порчаи ғазали зери баҳор бо тамоми зебоиҳояш васф шудааст.

Эй боди навбаҳорӣ, бӯйи биҳишт дорӣ,

Аз сӯйи гул расидӣ ё пайки он нигорӣ?

Не, инчунин насиме аз гулситон наёяд,

Маълум шуд зи бӯят, к-аз ҳамдамони ёрӣ…

Ҳофизи Шерозӣ низ дар ғазал боди наврӯзиро хеле моҳирона васф кардааст.

Зи кӯи ёр меояд, насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

Чу гул гар хурдае дорӣ, худоро, сарфи ишрат кун,

Ки Қорунро ғалатҳо дод, савдои зарандӯзӣ.

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз парда берун ой,

Ки беш аз панҷ рӯзе нест, ҳукми мири наврӯзӣ…

Ба бӯстон рав, ки аз булбул тарики ишқ гирӣ ёд,

Ба маҷлис о, к-аз Ҳофиз сухан гуфтан биёмӯзӣ.

Мирзо Абдулқодири Бедил манзараҳои назаррабои баҳорро ба пари товус монанд кардааст, ки ин барҳақ аст.

Сайри гулзоре, ки ё раб, дар назар дорад баҳор,

Аз пари товус доман, дар камар дорад баҳор.

Шабнами моро ба ҳайрат об мебояд шудан,

К-аз дили ҳар зарра тӯфони дигар дорад баҳор…

Ба андешаи Нақибхони Туғрал аз омадани баҳор боғу бӯстон ба мисли ҷаннат зебо мегарданд.

Баски дар  бӯстон аз ҷаннат асар дорад баҳор,

Ҷомае ҳамчун пари тӯтӣ ба бар дорад баҳор.

Дам ба дам ойинасон дар ишратободи чаман,

Шоҳиди гулҳои рангин ҷилвагар дорад баҳор…

Офарин бар мисраи Бедил, ки Туғрал, гуфтааст,

«Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор».

Шоирони адабиёти муосири низ дар пайравии шуарои классики тоҷику форс баҳори кишвари биҳиштосорро дар ашъорашон васф менамоянд.

Бигзор Наврӯзи имсола ба деҳқонон фаровонҳосилӣ, ба бозор арзонӣ, ба дастурхони сокинон нозу неъмат, ба ҷавонон нерӯйи созанда, ба ҳар соҳибватан созандагӣ ва аз шоирони соҳибдил тараннуми ин баҳору Наврӯзро дар чакидаҳои хомаашон боз бештар таманно дорем.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *