ИДИ САДОҚАТУ САМИМИЯТ

Чоршанбе, 25/03/2020-14:34

Наврӯз дар ҷаҳон қадимтарин ҷашни соли нав аст, ки решаи таърихии онро дар қаъри ҳазорсолаҳо ҷустан лозим меояд. Ҳатто,  Абурайҳони Берунӣ ва Умари Хайём барин ситорагони илмҳои дақиқ пайдоиши Наврӯзро аз аҳди Каюмарс, яъне аз оғози офариниши Одам медонанд. Абурайҳони Берунӣ ба як ҷиҳати «Рӯзи умед» эътибор додааст, ки ба эътиқоди урфӣ «дар ин рӯз барои заминиён саодатро қисмат мекунанд». Мувофиқи ақидаҳои Абурайҳони Берунӣ шоҳони Сосонӣ Наврӯзро шаш рӯз ҷашн мегирифтанд.

Аз рӯйи гуфтаҳои Умари Хайём ки менависад: «Қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарс аввал аз мулки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳаду таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки рӯзи бомдод офтоб ба аввали дақиқаи ҳамал омада, мубадони Аҷамро гирд карду бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд». Абераи Каюмарс Ҷамшед бошад бошад, чун он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин оварда, пас аз он подшоҳони дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд.

Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём як қиссаи он рӯз Офаридун ба нав ҷашн кард ва аз ҳама ҷаҳон мардум гирд оварду аҳднома набишту гумоштагонро дод, фармуд, яъне ҷашни Наврӯзро аз рӯи аҳду паймон, бо ризоии ҳамагон ҷорӣ карданд.

Пайдоиши Наврӯзи Аҷам дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ низ бо омадани шоҳ Ҷамшед равшан баён гардидааст. Чунончи:

Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯ,

Аз он бар шуда фарраи бахти ӯ.

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Яке аз рукнҳои умдаи одоби ҷашни Наврӯз аз тамоми кину адовати пешина холӣ кардани дилу шуури одамӣ ба шумор меравад. Ба қавли Фирдавсӣ «Сари соли нав, Ҳурмузи фарвардин» на фақат рӯзи баросудани тан, балки холӣ шудани  «Дил зи кин» бувад.

Дар аҳди Сосониён Наврӯз ҷашни давлатӣ буд. Дар айёми Наврӯз ба хотири қавитар кардани дӯстию рафоқат ба якдигар ҳадя мефиристоданд, ки аз эҳсоси садоқату самимият саршор буд. Наврӯз ғалабаи неруи некӣ бар неруи бадӣ, яъне пирӯзии Ҳурмуз ба Аҳриман аст. Халқи тоҷику эрон дорои рукнҳои асосии хештаншиносӣ: яке забони форсиву дигаре ҷашни Наврӯз мебошанд. камоли ифтихору сарфарозист, ки бо кӯшиши роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар арсаи ҷаҳон эътироф гардида, ҷашни умумиҷаҳонӣ шуд. Мо тоҷикон аз он мефахрем, ки чунин фарҳанги бою ҷаҳонӣ дорем ва шукргузорӣ аз истиқлолияти ватан менамоем, ки фарҳангу тамаддуни тоҷиконро дар тамоми ҷаҳон мешиносанд

Наврӯз муборак бошад!

Шабафрӯз

      

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *