ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Чоршанбе, 18/03/2020-16:53

Ҳамасола дар ноҳия маъракаи дарахт ва гулу гулбутта шинондан анъана шудааст ва мардуми шарафманди ноҳия дар ин самт бисёр фаъолияти хуб нишон медиҳанд, ки ин кори  хуб аст. Зеро зебогӣ  ин худ як навъи табобати руҳӣ мебошад барои  инсон.

Тибқи нақша шинондани дарахтони ҳамешасабз 4 ҳазор, ороишӣ  2 ҳазор, сояафкан 15 ҳазор бехро ташкил медиҳад. Дар хусуси иҷроиши нақшаи кабудизоркунӣ ҳаминро бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ дар ҳудуди  ноҳия 21 ҳазорe 900 дарахтони гуногун шинонда шуданд.

Шинондани гулу гулбуттаҳо дар асоси нақша 242 ҳазорро ташкил менамояд, ки  12  ҳазор   гули  лола,  202 ҳазор гули  садбарг  ва  дигар намудҳои гул  18.450 адад дар ҳудуди ноҳия шинонда шуданд.

Кишти  алафҳои  сабз  (газон)   бошад 2140  м2  ташкил дод, ки 14, 3 фоизи нақшаро нишон медиҳад. Бояд гуфт, ки ин маъракаи манфиатнок ҳанўз идома дошта, масъулони идораҳо ва шаҳрвандон метавонанд саҳми худро дар анҷоми ин кори хайр гузоранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *