ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАХШ БАРГУЗОР ГАРДИД

Душанбе, 16/03/2020 – 13:45

Имрўз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардида, дар он иҷрокунадаи вазифаи  раиси ноҳияи Вахш Қурбоналї Юсупов,  намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Маҳмадсаид Зуҳурзода, вакилони тозаинтихоб, фаъолон ва аъзои ҳизб иштирок доштанд.  

Дар иҷлосия ахбороти Комиссияи ноҳиявии интихобот шунида шуда, ваколати вакилони тозаинтихоб тасдиқ карда шуда, 40 нафар вакилон савганди садоқат қироат намуданд. Сипас, масъалаҳои рӯзнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, якдилона қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Маҳмадсаид Зуҳурзода,  дар назди ҳозирин бо маърӯзаи муфассал оид ба бурду бохти ноҳия дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ суханронӣ намуда, аз иштирокдорон барои содиқонаву садоқатмандона хизмат  кардан ба халқу Ватанро даъват намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *