Якшанбе, 08/03/2020-15:08
Маҳбубтарину бошукўҳтарин иди миллат, 27-уми июн – Рўзи Ваҳдати миллӣ мебошад. 27-уми июн ҳамчун рўзи наҷоти миллат ёдовар мешавад.
Зеро дар ин сана, соли 1997 ақли солим ва хиради аслии фарзандони тоҷик бар ҳама гуна зуҳуроти худгароӣ музаффар омад.
Он рўз тири адолат зоѓи шуми сиёҳро кушт ва кабўтари умеду орзу болу пар кушоду ба парвоз омад. Ва он рўз дар китоби таърихи Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гашт ва муқаддас шуд.
Бе ягон шакку шубҳа Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва муқаддаси миллат аст.
Умуман бузургтарин дастоварди инсоният ин сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмию ҳамдилии осоишта мебошад. Ҳақиқат он аст, ки миллати тоҷик ҳамеша ваҳдатгаро буду мемонад. Дар Ватани азизи мо ду вожа Сулҳ ва Ваҳдат чун ахтари тобон медурахшанд. Тоҷикистон аз файзу баракати Сулҳ ва Ваҳдат гулистон гардидааст. Меъмори Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ ин Пешвои азизи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бояд номи ўро бо оби зар навишт.
Номи туро нависем, эй қаҳрамони Ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат.
Миллати тоҷик барои Ваҳдатро ба даст овардан басо ҷонбозиҳо намудааст, ки нақши асосиро дар он лаҳзаҳои барои миллати тоҷик фоҷиабор, ки сарварӣ мисли як пора оташи сўзон буд ва сабру ботамкин буданро талаб менамуд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дўш дошту то ба имрўз миллати фархундаи тоҷикро ба кўи мақсуд расонидааст. Он солҳои пурдаҳшат сарварии ин кишвари ҷангзадаро на ҳар кас ба дўш гирифта метавонист. На ҳар кас ҷуръат дошт, ки назди халқи азияткашидаи тоҷик баромада сухан гўяд. Ин ҳамаро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дўш гирифт ва бо қадамҳои устуворона, бо сари баланд ба пеш ҳаракат намуда, бо халқ ҳамдам шуд.
Ваҳдати миллӣ мўъҷиби наҷот ва бақои давлату миллати мо гашт. Вале тай кардани марҳилаҳои мураккаби расидан ба Сулҳу Ваҳдат осон набуд. Дар муддати се солу се моҳ, ки музокироти миёни тоҷикон давом дошт, зиёда аз 20 вохўрии расмӣ сурат гирифт. Муборизаю ҷонфидоии Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири наҷоти миллату давлат ба гунае буд, ки метавон гуфт, ки ў аз худ гузашт то мо ба ҳам омадем.
Ўро нангу номуси ватандорӣ, муҳаббати беандоза ба халқ, пок ва муқаддас доштани хоки диёр ба чунин ҷасорату мардонагӣ ва қаҳрамонӣ таҳрик дод ва маҳз ҳамин хислати ҳамидаи инсонӣ ѓуруру ифтихори баланди миллиаш дили ҳар як тоҷикистониро маъвогаҳи муҳаббаташ гардонид.
Дунёи Пешвои азизи мо, дунёи сўхтанҳову сохтанҳо ва офариданҳост. Пешвои муаззами мо хаёлбозу суханбоз нест, балки тоҷики асил мебошад, ки ба сухани гуфтааш ва қасами хўрдааш содиқ мемонад.
Пешвои миллати мо, Пешвои аср шуд,
Раҳнамои миллати мо, раҳнамои аср шуд.
Дар суботу Сулҳу Ваҳдат ливои аср шуд,
Ҷонфидои миллати мо, ҷонфидои аср шуд.
Аз ҳама муқаддасот ин Сулҳ, Ваҳдат ва Истиқлолият мебошад, ки мо онҳоро бо шарофати Пешвои азизамон соҳиб гардидаем.
Ў худ боре дар як баромадаш гуфта буд: «Ба халқ роҳбаре лозим буд, ки фидоии миллат бошад. Худро қурбон созаду миллатро сарҷамъ намояд», ва худ ба ин сухани гуфтааш содиқона рафтор намуда, миллати парешонгаштаи тоҷикро гирди ҳам оварду неруи бузургеро ташкил кард, ки дигар ягон қувваи аҳриманӣ наметавонад, ин сарҷамъии миллати тоҷикро барҳам занад.
Мо дигар ҷамъи парешон нестем,
Мо дигар сарсону ҳайрон нестем.
Дар ҳама ҷо дар бараш ҳастем мо,
Ҷон ба ҷонаш сахт пайвастем мо.
Ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар тўли 23 соли ҳастии худ дар қалбу тафаккур ва андешаи миллионҳо одамони хирадманди сайёраамон сайр карда, шукўҳу азамати неруи тамаддунсози халқамонро боварибахш ба ҷаҳониён намоиш дод.
Ваҳдати тоҷикону тоҷикистониёнро сокинони дигар кишварҳо орзу менамоянд.
Ваҳдат хушбахтии бузург ва шодии номаҳдуд мебошад. Пас, моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро бошуурона дарк кунем ва ба қадраш бирасем.
Миллат атои Ваҳдат аст,
Ваҳдат бақои миллат аст.
Ҳар кас дар ин андеша нест,
Ойинадори кулфат аст.
Ваҳдат бузургтарин бозёфти миллат аст. Мехоҳем, ки он ҳамеша пойдору устувор бимонад. Пас мебояд онро арҷ гузорем ва барои ҳифзу таҳкимаш пайваста талош варзем.
Сироҷиддин Мирзоев,
сарвари МТМУ №39, ба номи Ҳайдар Қосимови ноҳияи Вахш