ДУОИ МОДАР

Осмони софи водии Вахшро абрҳои тира пўшонда, аз чаҳор тараф садои тир меояд. Модар ќарор гум карда, ба роҳи фарзандонаш дида медӯхт. Аз Худо зорӣ менамуд, то ҷигарбандонашро сиҳату саломат ба хона баргардонад. 6 гулписараш соҳиби маълумоти олӣ, хонаву дари обод ва мошинҳои хизматӣ буданд. Субҳи барвақт ба кор рафта, бегоҳ дер ба хона бармегаштанд. То омадани онҳо об аз гулӯи модар намегузашт.

Бегоҳӣ баъди сарҷамъ шудани фарзандон бобои Абдулло ба љигарбандонаш дуру дароз нигариста:

-Писаронам, рӯз ба рӯз вазъият вазнин шуда истодааст, ман дигар то бегоҳ дар паси дарвоза нишаста, шуморо интизор шуда наметавонам. Саломатиам хуб нест,-гӯён оби дида кард.

Падар иштирокчии ҷанги зидди гитлерї  буда, ҳарду пояш то зону аз даст додааст. Ба  ҳамаи ин нигоҳ накарда, фарзандонро хононду соҳиби ҷойи кор кард. Фарзандон ба падар нигариста, ба аҳволи  қиблагоҳ дилашон месӯхт, вале чӣ кор ҳам мекарданд…

-Падарҷон, гапи шумо дуруст, вале мо низ ба обу нони ин Меҳан бузург шудаем, наметавонем дар ин рӯзҳои вазнини ба сари миллатамономада бепарво бошем. То имконияти охирин кору фаъолият менамоем.

Аз ин гуфтугӯи онҳо чанд рӯз сипарӣ гардид. Як шом ҳама навакак ба хона баргашта буданд, ки садои тир боз баланд шуд.  Садо торафт ба деҳа наздик мешуд. Падар ба писаронаш фањмонд, то кӯдаконро дар тањхона пинҳон кунанд. Онҳо фурсати пинҳон намудани зану фарзандонашро наёфта, силоҳбадастон ба ҳавлӣ даромада, бетартибона њар сў тир мепаронданд. Њама хомўшона чизеро интизор буданд. Танњо бобои Абдулло љуръат карда, аз силоҳбастон илтиҷо намуд, ки ба занону кӯдакон кордор нашаванд.

Силоҳбадастон кӯдакону занонро ба оғил дароварда, хонаҳояшонро оташ заданд. Ба ҳамаи ин ором нагашта, бобои Абдуллоро ҳамроҳи  чаҳор писараш бо худ бурданд. Пас аз рафтани онҳо модар аз оғил берун шуд.  Рӯйи  ҳавлӣ дарёи хунро дид. Ҳангоми тирборони силоҳбадастон як келину ду наберааш ҷон супориданду яке аз писаронаш аз даст, дигаре аз пояш ҷароҳат бардоштаанд.

Бечора модар намедонист ба назди кадоми онњо равад. Дар назди ҷасади наздиконаш худро ба чаҳор тараф мезад. Аз писарони маҷруҳгаштааш аз њоли онњо пурсон шуд. Яке ба саволи модар посухи дурӯғе дод: -Акаҳоям фаврӣ ба ҷойи корашон рафтанд, -гуфту лаб зери дандон монд. Пас аз гӯру чӯби наздикон модар нотоб гашт.

…Силоҳбадастон њамон рўз падару писаронро ба канори дарёи Вахш оварданд. Дар соҳил онҳоро  азобу шиканҷа медоданд. Бо автомат ба қафаси синаи писари хурдӣ –Сафаралӣ зада, ӯро аз пой афтоданд. Падар хории фарзандро дида, аз силоҳбадастон илтиҷо кард, ки љигарбандонашро азоб надиҳанд. “Агар љон лозим бошад, ҷони маро гиред”,-мегуфт ў.

Аз ин амали бобо  нохалафон асабонї шуда, пеши чашмони падар фарзандонашро бо азобу шиканҷа дода, бо буридани гӯшу бинӣ онҳоро ба қатл расониданд. Падар аз Худо илтиҷо намуд, то ҷони ӯро бигираду ин разолатро набинад. Оҳи дили пирамард дили афлокро шикофту як паҳлу афтода, бо хондани калимаи шаҳодат ҷон ба Ҳақ таслим намуд. Силоњбадастон аз ин кори нопоки худ лаззат бурда, ҷасадҳоро ба об партофтанд…

Модар њар лањза аз шавҳару писаронаш пурсон мешуд. Вале писаронаш посухи саволи модар лол монда буданд.

 Рӯзе кӯдакон дар рӯи ҳавлӣ бозӣ мекарданд, яке аз онҳо ба дигаре гуфт:- дадаи маро кушта, ба дарё партофтанд…

-Чи-и-и-и-и,—гӯён момо аз ҳуш рафт. Баъди ба худ омадан, ӯ дигар лаб ба сухан накушод. Шабњо, дар танњої ба ёди шавҳару фарзадонаш нола мекард. Аз гиря нури чашмонаш кам шуданд. Дигар дунёи равшанро намедид. Аз баргашти шавҳару фарзандонаш умедашро канда, ба тақдираш тан дод. Аз чаҳор писар 25 набера ятим монда, 5 нафарашон на падар доштанду на модар. Рӯзҳо паси сар шуданд, вазъи кишвар низ муътадил мегашт…

Момо рӯйи ҳавлӣ нишаста, сари яке аз наберагони ятимашро сила менамуд. Ҳамсояи девордармиён ба аёдати модар омада, ҳар замон аз аҳволаш пурсон мешуд.

-Холаҷон, Эмомалӣ подшоҳи мамлакат шуд,-хушхабар овард њамсоязан.

–Эмомалї гуфтӣ, Эмомалии бачаи ма?

-Бале, холаҷон,-гӯён ашки чашмонашро пок намуда, нахост ба захмҳои ќалби модар намак пошад.

Дар ин асно набераҳо оинаи нилгунро равшан карданд. Ҳамсоя ба модар гуфт:

-Ана холаҷон,-гўён Эмомалиро нишон дод, ӯ гап мезанад.

-Маро ба назди оинаи нилгун бар, як бор аз наздик бинам. Бо кӯмаки ҳамсоя аз ҷой бархоста, ба назди телевизор омад, рӯи ӯро палмосида, лаб ба чеҳрааш монда нарм-нарм бӯсид.

Аз ин ҳолати ҳузнангези модар дили кас реш-реш мешуд, вале чӣ илоҷ.

-Эмомалӣ бачамай, як рӯз тинҷ шавад, баъд меояд. Фақат садои бачам дигар шудай очаша ёд карда боша, худ ба худ мегуфт модар.

Ин рӯзҳое буд, ки Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатро ба даст гирифт, ки ҳамноми яке аз писарони гумгаштаи модар буд. Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки сулҳу ваҳдатро дар Тоҷикистон барқарор намояд.  Кабӯтари сулҳу ваҳдат дар фазои Меҳан болафшонӣ менамуд. Мардум якдигарро ба сулҳу ваҳдат табрику таҳният мегуфтанд.

Модар аз ин пас шукронаи сулҳу ваҳдати тоҷиконро намуда, даст ба дуо бардошта мегуфт: -Худоё, писарам-Эмомалиро дар паноҳат нигаҳ дор. Соҳиби обрӯю иззату эҳтиромаш гардон. Дарди саратро набинам, писарам, Эмомалӣ…

Ин буд дуои охирини модар.

ШАБАФРЎЗ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *