БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Пешвою Раҳнамою Сарвари донои мо,

Он ки дар қалби ҳазорон мардумаш бигрифта ҷо.

Номи ӯ Эмомалӣ Раҳмону авлоди Шариф,

Ин шарафмандӣ насибаш гашт бо ҳукми Худо.

Шаҳсутуни миллат асту Офтоби кишвар аст,

Ӯ табиби дарди миллат, ҳофизи марзу бар аст.

Ҳар гаҳе номи Ватанро оварад вирди забон,

Ҳарфи пурмаънии ӯ ширин зи шаҳду шакар аст.

Роҳи тайбинмудааш осон набуд то ин замон,

Баҳри ҳифзи кишвару халқаш ба каф бигрифта ҷон.

То ки ёбад кишвару миллат наҷот аз дасти ѓам,

Бо ҳама аҳли мухолиф ёфт бо хубӣ забон.

Оқӣлу донову соҳибмаърифат ин гунна аст,

Он бузурге, ки тавонад дид сад сол пештар.

Гар набуд ӯ Пешво, имрӯз тоҷик хор буд,

Мезаданд моро ҳазорон душмаонон сад нештар.

Бахти миллат, бахти кишвар, ӯ сари қудрат расид,

Бофаросат, боадолат ҷамъ кард аҳли пареш.

Бо туфайли заҳматаш моро ҷаҳон бишнохта,

Тоҷикистон, миллати ӯ меравад ҳар лаҳза пеш.

Эй азизони Ватан, имрӯз сарҷамъии мо,

Бо туфайли заҳмати мушкили ӯ оварда бор.

Пас, дуо созем, ёрони азизи ин Ватан,

Сарвари моро нигаҳбонӣ намо Парвардигор.

Давлат Султон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *