АЗ РАФТИ ИНТИХОБОТ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Якшанбе, 01/03/2020-18:44

1-уми март оғози фасли баҳор.

Дашту даман гулзор, омад-омадашро мардум интизор. Марди деҳқон аз пайи кишту кор.

Дар оғози ин фасли зебои сол мардуми тоҷик яке аз маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳалли вакилони халқ дар тамоми манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта истодааст. Дар ноҳияи Вахш низ ин маъракаи муҳим дар сатҳи баланд идома дошта, аллакай қисми зиёди овоздиҳандагон ба ҷонибдории номзадҳои арзандаашон раъйи худро додаанд.

Ҳамчунин Қурбоналӣ Юсупов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш, ба участкаи овоздиҳии №23 ҳозир гардида, ба вакилони арзанда, ки дар ободонию рушду маҳал саҳми арзандаи хешро мегузоранд, овоз дода, интихоботро одилона, шаффоф ва пешрафти  арзёбӣ кард.

Дар  тамоми участкаҳо бо тамоми шароит муҳайё буда, ба он нафароне, ки имконияти маҳдуд доранду ба участкаҳои интихоботи омада наметавонанд, қуттиҳои сайёр бурда мешаванд. Онҳо низ овози худро ба номзади арзанда медиҳанд.

Сокинони ноҳияи Вахш дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаолона ширкат намуда, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз, ваҳдату ягонагӣ, рушду нумуи ватан,  пешрафту тараққиёти меҳан ба номзадҳои арзандаи худ овоз медиҳанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *