АЗ ҶАЛАСАИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ

22/12/2025-11:05

Дар ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, мудирони бахши иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раёсати молия, Нозироти андоз, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту корхонаҳои ноҳия ширкат варзиданд.

Раиси ноҳияи Вахш Қ. Юсупов, оид ба иҷроиши нақшаи кишти картошка, пиёз, зироатҳои полезӣ, шудгори заминҳо, кандану заҳбуру заҳкашҳо, обунашавӣ ба рȳзномаву маҷаллаҳо, баргузории вохȳриҳо бо волидайн ва хонандагони синфҳои болоӣ дар муассисаҳои таълимӣ, сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, яъне усули хона ба хона, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, ҷудошавии оилаҳо, никоҳи барвақтӣ, бунёди иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи андоз, бақияи қарзи андозҳо, омилҳои зиёдшавии андоз, иҷроиши нақшаи андоз аз даромади ташкилоту корхона ва соҳибкорони қарздор аз андоз суханронӣ намуд. 

Мусоидат ва ҳалшавии мушкилоти соҳибкорон аз иҷроиши саривақтии андоз мебошад. Мутаассифона, имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки маблағи андозро саривақт пардохт намекунанд ва ин боиси зиёдшавии қарздорӣ аз андоз ва саривақт иҷро нашудани нақшаи андоз мегардад. Аз ин лиҳоз, кормандони Нозироти андози ноҳияро зарур аст, ки роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони қарздор аз андозро даъват намуда,  мушкилоти саривақт пардохт кардани андозро ҳал намоянд.

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Вахш

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *