
ДУШАНБЕ, 07.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қарори худ рӯйхати вакилонеро, ки дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 41 ҳавзаи якмандатии интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудаанд, тасдиқ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ иттилоъ медиҳад.
Тибқи қарори мазкур ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 вакил: аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 22 вакил ва аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот 41 вакил интихоб гардиданд.
Ҳамзамон ба вакилони интихобшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида шаҳодатномаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»