
Март 8, 2025 08:33
ДУШАНБЕ, 08.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мутафаккирон ва донишмандони олам, аз ҷумла тоҷикон перомуни бузургии Зан-Модар асарҳои арзишманде офаридаанд ва ё дар осорашон нақши онҳоро ба таври барҷаста нишон додаанд.
Абдулқосим Фирдавсӣ — яке аз мутафаккирон ва ҳакимони бузурги тоҷику форс дар асари безаволи худ «Шоҳнома» номи қаҳрамонзанони зиёдеро овардааст. Ҳар кадоме аз инҳо дар ин асари муҳташам нақши калидӣ доранд ва то ҳол номи бархе аз онҳо бо ифтихори баланди миллӣ ба забон оварда мешавад. Бархе аз шаҳрвандоне, ки ғурури миллӣ ва аҷдодӣ доранд, бо сарфарозӣ номи духтарони худро бо пайравӣ аз номи қаҳрамонони ин асари оламшумул, ки саропо аз паҳлавонию размандагӣ, қаҳрамонию шуҷоат ва ҷасорату матонат иборат аст, мегузоранд.
То ҳол дар ҷомеаи Тоҷикистон номҳои зебои духтаронае ҳастанд, ки вирди забонҳо буда, аз «Шоҳнома» маншаъ гирифтаанд, ба мисли Гурдофарид, Таҳмина, Рӯдоба, Шаҳрноз, Арнавоз, Манижа, Гулнор, Навбаҳар, Синдухт, Фарангис, Паризод, Озардухт ва монанди инҳо.
Дар ин мақола таваҷҷуҳи бештар ба яке аз паҳлавонзани «Шоҳнома»- Гурдофарид дода шудааст. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳар зане муваффақ шавад, аз ӯ Гурдофарид ном мебаранд. Аммо мехоҳем перомуни чанд зани дигар, ба мисли Таҳмина, Манижа, Катоюн, Фарангис ва дигарон низ маълумоти мухтасаре оварем.
Яке аз қаҳрамонзанони номдор дар «Шоҳнома» Катоюн мебошад. Ӯ духтари Қайсари Рум, ҳамсари Гуштосп- шоҳи Эрон ва модари Исфандиёр буд. Ӯ зани шуҷоъ ва чолок, зани меҳрубону бовафо ва модари донишманду доно буд. Вақте ки Катоюн ба синни балоғат расид, падараш Қайсари Рум як гурӯҳ ашрофон ва ҷанговарони ҷаҳонро дар қасри худ ҷамъ меорад, то барои духтараш шавҳари муносиб интихоб кунад. Катоюн ҷанговаронро як ба як мебинад, вале бештар дар бораи одаме ба ситораҳо орзу мекард, ки давлати Румро сарбаланд гардонда тавонад ва ӯ дар байни ҷамъомадагон ҳамон одамро меҷӯст.
Мардони ҷамъомада таваҷҷуҳи Катоюнро ба худ ҷалб накарданд, рӯз ба охир расид, баъдан Қайсар эълон намуд, ки ҳамаи мардони арзанда ба қасри ӯ оянд, то Катоюн яке аз онҳоро интихоб намояд. Марди деҳқоне дар Рум мизбони Гуштосп шуд, чун хабари Қайсарро шунид, Гуштоспро ташвиқ намуд, ки дар маҷлиси Қайсар иштирок кунад ва он ҳамон орзуи Катоюн буд, ки баъдан тоҷу тахти Қайсар насиби ӯ гашт.
Яке аз духтарони зебою дилрабо дар «Шоҳнома»- ин Таҳмина- духтари шоҳи Самангон, зани Рустам ва модари Сӯҳроб аст. Рӯзе Рустам барои гардиш ба наздики марзи Эрон ва Турон меравад. Ҳангоми истироҳат Рахши ӯ гум мешавад. Рустам барои ёфтани Рахш вориди Турон мешавад. Шоҳи Самангон базме ба ифтихори вай барпо менамояд. Шаб дар утоқе, ки ӯ меистод, Таҳмина ворид мешавад ва бо вуҷуди ин ки медонад Рустам фақат як шаб дар Самангон хоҳад монд, ӯ худ ба Рустам изҳори ишқ менамояд. Ҳадафи Таҳмина танҳо дар зиндагӣ доштани фарзанде будааст, ки инсони баргузида ва номовар бошад. Таҳамтан чун суханони Таҳминаро мешунавад, ҳамон шаб ӯро ба ақди никоҳи хеш медарорад. Нуҳ моҳ пас аз он шаби васл Суҳроби Ял чашм ба олами ҳастӣ мекушояд. Шоҳи Самангон аз ин бисёр шодмон мешавад ва бузургону акобири Самангон ҳама ба Рустам табрик мегӯянд ва ҷашни бузурге ба ифтихори Рустам ва Таҳмина баргузор менамоянд.
Байни ҷомеаи тоҷикон номи Фарангис бисёр машҳур аст. Фарангис духтари Афросиёб ва ҳамсари Сиёвуш ва модари Кайхусрав аст, ки виқори занона ва шарафу ахлоқи худро то поёни зиндагӣ ҳамчунон ҳифз менамояд. Фарангис аз занони вафодор ва шикебои «Шоҳнома» аст. Меҳр ва вафодории вай ба Сиёвуш то он ҳад аст, ки бо шунидани хабари кушта шудани Сиёвуш аз ҷон гузашта ва бепарво бар падари бераҳми худ нафрин мекунад ва хашми ӯро ба гунае бармеангезад, ки ӯ ба кушта шудани духтари бордори бегуноҳи худ фармон медиҳад.
Дар «Шоҳнома» Манижа рамзи ишқу муҳаббат тасвир ёфтааст. Вай, ки духтари Афросиёб буд, ба Бежан- писари Гев ошиқ мешавад. Ҳарчанд ишқи ӯ ба Бежан самимӣ ва покиза буд, аммо барои Бежан мушкилоте ба бор овард, то Бежан бо фармони Афросиёб ба зиндон андохта мешавад ва Манижа ҳама корҳоро мекунад ва ниҳоят ӯро озод менамояд.
Перомуни корномаҳои ҳар кадоме аз қаҳрамонзанони «Шоҳнома» метавон асаре таҳқиқ намуд ва ин чанд қаҳрамонзане, ки маълумоти мухтасар дар бораашон овардем, сароғози шинохти Гурдофарид- яке аз қаҳрамонони бемисли «Шоҳнома» мебошанд.
Яке аз номҳои бисёр мутаассир, ки дар байни ҷомеаи тоҷикон шуҳрати беандоза дорад, ин Гурдофарид мебошад. Ин ном байни занон ҳамчун беҳтарин ном ва идеал пазируфта шудааст. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» образи Гурдофаридро чун яке аз беҳтарин занони чобуку нотарс қаламдод намуда, нақши ӯро дар хештаншиносию худогоҳӣ, далерию нотарсӣ, шуҷоатмандию ҷасурӣ, паҳлавонӣ ва ҳимоят аз марзу буми Ватан нишон додааст. Бузургии ин зани қаҳрамони ориёӣ барои занони баъдӣ то ҳол ҳамчун идеал дар ростои ҳақиқатгӯию ростиву поквиҷдонӣ ва донишмандиву ҳушёриву зиракӣ ба кор бурда мешавад.
Гурдофарид аз аввалин паҳлавондухтарони достони ҳамосии тоҷику форс аст. Ин бонуи далеру дилрабо ва зирак хеле барҷаста ва аз ҷаззобтарин занони «Шоҳнома» аст. Вале бо вуҷуди он ки дар «Шоҳнома» ҳузури кӯтоҳе дорад ва ноком мешавад, вале ӯро метавон ба қатори Арнавоз ва Шаҳрноз як зани асил ва аз чеҳраҳои намунаи ибрат барои ҳар як зан донист.
Ҳаким Фирдавсӣ дар асари безаволи худ «Шоҳнома» набарди Гурдофарид бо Сӯҳробро дар зевари назм оростааст, ки қаҳрамонию нотарсӣ ва чобукию паҳлавонии Гурдофаридро нишон медиҳад:
Чу огаҳ шуд духтари Гуждаҳам,
Ки солори он анҷуман гашт кам.
Зане буд бар сони гурде савор,
Ҳамеша ба ҷанг андарун номдор.
Куҷо номи ӯ буд Гурдофарид,
Замона зи модар чунин новарид.
Гурдофарид аз ҷумлаи ҳамон занони ҷанговар аст, ки бо матонату паҳлавонии хеш бо яке аз қаҳрамонони воломақоми «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, ки Сӯҳроб аст, ба набард мебарояд. Дар вақти набард аз бузургиву зӯру бозӯи мардонавори Гурдофарид Сӯҳроб ба ҳайрат меафтад.
Набарди Сӯҳроб бо Гурдофарид чунин аст, ки вақте Сӯҳроб аз роҳи Турон ба Эрон ҳангоме, ки барои ҷустуҷӯи падараш Рустам мегузашт, қалъае ба номи Сафеддиж дар рӯбарӯи ӯ мебинад. Гуждаҳам, ном як марди солхӯрдае бар он сарварӣ менамуд. Гуждаҳам духтаре дошт ба номи Гурдофарид. Дар наздикии ин қалъа набард байни Сӯҳроб ва фармондеҳи қалъа ба вуқуъ мепайвандад ва Сӯҳроб бар ӯ пирӯз мешавад. Сӯҳроб нахуст мехоҳад ӯро бикушад, вале ӯро бо баҳонаи вуруди қалъа шудан накушта, асир мегирад ва мехоҳад қалъаро низ ба асорат бигирад, ки дар ин ҳангом шахсони дар қалъа буда ба таҳлука меафтанд. Гурдофарид чун инро мебинад, мояи нанг медонад ва худ ба набарди ӯ меравад. Гурдофарид бо Сӯҳроб ба набард мебароянд ва дар ним рӯз бо ҳам размозмоӣ мекунанд. Саранҷом Гурдофарид мебинад, ки тавони баробарӣ бо Сӯҳробро надорад ва мекӯшад сӯйи қалъа бигурезад. Аммо Сӯҳроб ба ӯ мерасад ва кулоҳи ӯро бармегирад ва дар ин ҳолат мефаҳмад, ки он ҳамнабардаш на мард, балки духтари зеборӯе аст. Гурдофарид ба найранг даст меёзад ва ба Сӯҳроб мегӯяд, ки хуб нест размандагон бубинанд, ки вай дар набард бо як духтар ба чунин кӯшиш ва ранҷе гирифтор омада ва ба ӯ пешниҳод мекунад, ки ҳамроҳаш ба даруни қалъа биравад ва мегӯяд, ки қалъа дар чанги ӯст. Сӯҳроб, ки бо як дидан шефтаи ҳусну ҷамоли Гурдофарид шуда буд, дар доми Гурдофарид меафтад. Гурдофарид ӯро то дари қалъа меовард, сипас бо чобукдастии бисёр ба даруни қалъа меҷаҳад ва дарро мебандад.
Ин ҷо ба хулосае меоем, ки халқи тоҷик аз азал соҳиби ному нанг ва қаҳрамону нотарс будаанд, ки Гурдофарид бозгӯйкунандаи зан-модари қаҳрамони тоҷик аст, ки барои ҳифзи ному нанг, Ватан-Модар, сарзамини аҷдодӣ бо яке аз қаҳрамонони номдори «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, яъне Сӯҳроб ба набард мебарояд. Гарчанде ӯ мағлуб мешавад, вале Суҳроб аз бузургию қаҳрамонӣ, ҷасорат ва нотарсию шуҷоати ӯ дар ҳайрат меафтад.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон чунин Гурдофаридҳо ҳастанд ва ба монанди Зебунисо Рустамова, камонвари беназир, Мавзуна Чориева, муштзани беҳамто ва дигарон дар арсаи байналмилалӣ бо кӯшишу талоши зиёд Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.
Субҳиддин ЗИЁЕВ,
мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои филология
АКС аз манбаъҳои боз