
Чоршанбе, 05/03/2025-09:23
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мушкилотҳои тезутунди глобалӣ, сатҳ ва хусусияти тамаддуни имрӯзаро тавсиф мекунад. Ин мушкилотҳо ба тақдири одамон, синфҳо, миллатҳо, минтақаҳо ва дар маҷмуъ ба ҳаёт ва тақдири тамоми инсоният таъсир мекунанд.
Бояд қайд намуд, ки ҷиноятҳои террористӣ хавфи калони ҷамъиятӣ дошта, содир намудани ин қабил ҷиноятҳо оқибатҳои нохуш ба бор меоварад, ки дар натиҷа ба манфиати давлат ва шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида мешавад.
Аз ин рӯ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамбастагӣ бояд ҷиҳати пешгирии терроризм чораҳои самаранок ва натиҷабахшро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини бехатарии давлат ва шаҳрвандон кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки моҳияти терроризм ин амали ҷиноятӣ бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди зӯроварӣ буда, нисбати гурӯҳи одамон ё шахсони алоҳида содир мегардад. Терроризм ин қасдан ба вуҷуд овардани муҳити муташанниҷ, тарс, инчунин тарсонидани аҳолӣ буда, барои таъсир расонидан ба қарорҳои динӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ки барои террористон манифатоварарнд анҷом дода шуда, он бе афзудани хавфи калони иҷтимоӣ содир намегардад.
Мутахассисоне, ки мушкилоти терроризмро меомӯзанд, муддати хеле тӯлонӣ кӯшиш мекунанд, ки мафҳуми дақиқи муайян кардани моҳияти онро диҳанд, вале бо сабаби он, ки чунин тадқиқот дар ин самт бо душворӣ ва мураккабӣ, инчунин бо сабаби ба миён омадани душвориҳои иловагӣ муайян карда мешавад, мафҳуми дақиқи онро, пешниҳод накардаанд. Ин душвориҳо аз он иборат аст, ки терроризм аз ҷихати фалсафӣ, равоншиносӣ, сиёсӣ таҳқиқ карда шуда, тадқиқотчиёне, ки ба ин падида таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд, бо фикру ақидаи худ ва аз ҷониби нуқтаи назари худ ба он нигариста, “терроризм”-ро бо тафсири фардии худ таъриф мекарданд.
Ман чунин мешуморам, ки моҳияти терроризмро бояд маҷмӯи хусусиятҳои хоси ғайримуқаррарӣ баррасӣ кард, ки дар навбати худ хусусиятҳои хос ва аломатҳои муҳими таркибӣ мебошанд. Чунин нодирҳо ба терроризм ҳамчун категорияи ҳуқуқии иҷтимоию сиёсӣ ва мазмуни дохилии он хос аст. Дар адабиёти имрӯзаи ҳуқуқӣ, ки махсусан ба проблемаҳои терроризм бахшида шудааст, аломатҳои терроризм ҳамчун амали ҷиноятӣ ҷой ба ҳисоб рафта, хусусияти фарқкунандаи терроризм ин ба вуҷуд овардани хатари баланди иҷтимоӣ мебошад, ки дар натиҷаи амалҳои муайян ё таҳдиди барои ҷамъият хавфнок ифода меёбад. Дар робита ба ин, ангезаи террористон ин куштани як гурӯҳ одамон, ё ин ки гаравгон гирифтани гурӯҳи одамон ва дар наздикии ҷойҳои серодам ба вуҷуд овардани таркиш ба ҳисоб меравад.
Ба амал баровардани терроризм хусусияти истисноии оммавӣ дошта, дар муқоиса бо дигар ҷиноятҳо, ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа бидуни бидуни таваҷҷуҳи васеъи омма вуҷуд надорад, зеро ангезаи террористон ин дар натиҷаи кирдорҳои худ маҳз ба тавшиш овардани ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.
Хусусияти дигари фарқкунандаи терроризм ин дидаву дониста фароњам овардани муҳити муташанниҷ, тарс ва афсурдагӣ ба ҳисоб рафта, бо эҷоди чунин муҳит дар сатҳи иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд. Ин вазъият омили психологии иҷтимоӣ буда, ба одамони дигар таъсир расонида, инчунин онҳоро водор месозад, ки ба шартҳои террористонро пазируфта, манфиати онҳоро ё ин ки амалҳои муайянеро анҷом диҳанд. Сарфи назар намудани ҳолатҳои дар боло зикршуда боиси он мегардад, ки терроризм баъзан ҳамчун ҳама гуна амале тасниф карда мешавад, ки дар муҳити ҷамъиятӣ изтироб ва тарсро ба вуҷуд овардааст. Тарс дар терроризм худ аз худ ба вуҷуд омада наметавонад, он дар натиҷаи амалҳое, ки резонанси иҷтимоӣ пайдо кардаанд, инчунин бо дигар мақсадҳо ба вуҷуд меояд. Илова бар ин, терроризм як навъ фишанги таъсири телеологӣ мебошад, ки бо ёрии он фазои тарс ҳамчун василаи расидан ба ҳадафи мушаххас ба вуҷуд меояд. Бо назардошти гуфтаҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки терроризм ин эҷоди фазои тарс мебошад.
Терроризм дар шакли муосир 30 сол пеш дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон якбора ба вуҷуд омадааст. Дар солҳои 1960-ум баъди ҳаракати партизанӣ кишварҳои Амрикои Лотиниро хароб гаштанд. Иштироккунандагони ин гуна ҳаракат бо ин муросо карда натавониста, ба ин муносибат тактикаи амалиёти террористиро ба муқобили режимҳои мавҷудаи шаҳрҳо интихоб карда буданд, ки онро «партизани шаҳрӣ» меномиданд. Ҳаракати муқовимати Фаластин маҳз дар ҳамин самт инкишоф ёфт. Аз ҳамлаҳо ба қисмҳои муқаррарии артиши Исроил дар охири солҳои 1960 ба амалҳои гуногуни дорои хусусияти террористӣ гузашт. Ин ба пайдоиши гурӯҳҳои дигари ифротӣ дар ин минтақа мусоидат кард, ки дар навбати худ, то солҳои 80-ум, тибқи баъзе ҳисобҳо, аз 80 то 90 фоизи тамоми гурӯҳҳои террористии ҷаҳонро ташкил медод.
Дар баробари ин мавҷи терроризм мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ низ ба ин падидаи номатлуб дучор гардиданд. Дар охири солҳои 70-ум ва ибтидои солҳои 1980-ум ҳам IRA ва ҳам ЭТА дар Испания ва шумораи хеле зиёди гурӯҳҳои радикалии чап, аз қабили «Фраксияи Артиши Сурх» ва «Бригадаҳои сурх» дар Италия фаъолиятҳои террористиро ба анҷом расониданд. Маврид ба зикр аст, ки авҷ гирифтани терроризм дар ин давлатҳо боиси фурӯпошии афкорҳои густурда дар бораи масунияти онҳо ба чунин падидаи хатарнок ва ҳолати возеҳ дар миёни сиёсатшиносон шудааст. Дар робита ба ин солҳои 50-уми асри гузашта дар Ғарб ақида ҳукмфармо буд, ки терроризм ин усули муборизаи сиёсӣ, буда, бошуурона ва мунтазам татбиқ карда шуда, танҳо барои кишварҳои сусттараққикарда хос аст. Олимон ҷунин мешумориданд, ки терроризм дар «мамлакатҳои мутамаддин», ки дар марҳалаи баланди тараққиёти таърихӣ қарор доранд, ба ягон падидаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ табдил намёбад.
Қайд кардан зарур аст, ки дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико то соли 1980 барои омӯзиши проблемаҳои терроризм заминаи назариявӣ вуҷуд надошта, ҳатто барои ҷамъ кардани материалҳо оид ба фактҳои терроризм чораандешӣ намешуд.
Баъдан соли 1981 Р.Рейган, ки президенти ҳамонвақтаи Штатҳои Муттаҳидаи Амрико буд, ба департамент ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки барои мубориза бо шӯриш ва терроризм захираҳои сиёсӣ, иктишофӣ ва контрразведкаро муттаҳид кунанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз мо дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ташкилотхои давлатӣ ва ҷамъиятӣ оид ба проблема ва душвориҳои терроризм тадқиқот мегузаронанд. Конференсияҳо, симпозиумҳо, семинарҳои сершумор гузаронда шуда, маҷаллаи «Терроризм» нашр мешавад. Инчунин дар муассисаҳои таълимии Штатҳои Муттаҳидаи Амрико як фанни махсуси сиёсӣ бо номи «Терроризм» мавҷуд мебошад.
Тақдирзода Фариддун Рустам, ёрдамчии Прокурори ноҳияи Вахш