ПЕШГИРӢ АЗ ОФАТҲОИ ТАБИӢ

03/03/2025-15;22

Дар асоси Амри раиси ноҳияи Вахш аз 10 феврали соли 2025, таҳти №3, “Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқҳои ғайринақшави бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии ноҳияи Вахш оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои табиӣ”, нақша-чорабиниҳои ташкил карда шуда, оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар соли 2025, ситодии мудофиаи гражданӣ доир гардид.

Роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ноҳия, ҷавонон ба ҳашари дастаҷамъона баромада, ҷӯю каналҳоро тоза карда, каналҳое, ки таъмирталаб буданд, аз нав таъмиру тармим гардид.

Аз номусоидии обу ҳаво ва тағйирёбии иқлим солҳои охир хавфу хатарҳои обхезӣ, зиёд шудани оби дарёҳо ба харобу валангор шудани биноҳои истиқоматии назди пулу дарёҳо бештар ба назар мерасанд.

Ҷиҳати аз хавфу хатарҳои обхезӣ, омадани сел ва аз зарару оқибатҳои он эмин мондани сокинон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҷойҳои хавфнок амалӣ гардида истодааст. Корҳои соҳилмутаҳкамкунӣ, тоза кардани заҳбуру заҳкаш дар ноҳияи Вахш идома дорад.

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *