ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «ИМРӮЗ ЗАНОНУ КОРМАНДОНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО ДАР СОҲАҲОИ ФИЗИКАИ ЯДРО, МАТЕМАТИКАИ НАЗАРИЯВӢ ВА АМАЛӢ, ХИМИЯ ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР ДОРАНД»

Март 7, 2025 13:15

ДУШАНБЕ, 07.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи миллии илмҳо 743 нафар занону духтарон фаъолият доранд, ки 80 нафари онҳо кадрҳои роҳбарикунанда, 2 нафар академик, 3 нафар узви вобаста, 33 нафар доктори илм, 109 нафар номзади илм, 104 нафар доктор аз рӯйи ихтисос ва 294 нафар магистр мебошанд. Дар ин хусус имрӯз Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар баёни назар намуданд.

Сарвари давлат иброз намуданд, ки дар панҷ соли охир шумораи ихтироъкорон аз ҳисоби занон ба 210 нафар расида, аз ҷумла 5 нафар бо ихтирооти нодири худ дар сатҳи байналмилалӣ сазовори Шоҳҷоиза ва медали тилло, 10 нафар соҳиби медали нуқра ва 1 нафар сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

Таъкид шуд, ки имрӯз занон–кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои физикаи ядро, математикаи назариявӣ ва амалӣ, химия, аз ҷумла химияи ядро, биология ва зоология, инчунин илмҳои гуманитарию ҷомеашиносӣ фаъолияти пурсамар доранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *