ПАЁМИ ПЕШВО- РАҲНАМОИ МО

Чоршанбе, 05/03/2025-09:14

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабр ироа гардид, оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас муайян менамоянд.

 Бо тазаккур аз  нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат қайд гардид, ки ҳамаи  дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ  маҳз ба шарофати  заҳмати содиқонаи халқи азизи Тоҷикистон  ва сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату ҳукумат ба даст омадааст.

 Инчунин, сафир доир ба вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, инчунин мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба идома додани корҳои  созандагию бунёдкорӣ то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистонро мебояд, бо азму иродаи қавӣ ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонанд.

 Дар идомаи суханронӣ Сафири Тоҷикистон дар Россия бо истифода аз фурсат ба таваҷҷуҳи донишҷуён иброз дошт, ки касбҳои интихобнамудаи онҳо дар Тоҷикистон мавриди ниёзмандии вижа аст ва ба онҳо маслиҳат дод, ки аз шароити дар донишгоҳҳо барояшон фароҳамшуда бамаврид истифода баранд, вақти холии худро ҳарчӣ бештар ба омӯхтани касбҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва илму техникаи замонавӣ сарф намоянд.

Дастур дода шуд, ки тамоми сохтори  мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун сафарбар намоянд.

 «Зеро аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад», — таъкид намуданд Сарвари давлат.

 Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсяи имкон дод пояҳои устувори ҷомеа ва давлат созмон ёбанд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшида шаванд, рушди устувори иқтисодӣ таъмин гардад, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё сохта шавад.

С.Солеҳзода,

ёрдамчии Прокурори ноҳияи Вахш

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *