МОДАР-РАМЗИ МУҲАББАТ ВА САДОҚАТ

Ҷумъа, 07/03/2025-09:43

Сухани табрикии раиси ноҳияи Вахш Юсупов Қурбоналӣ Қувватович, бахшида бба Рӯзи модар

Зан – модар ин ибтидои ҳастии башарият, манбаи меҳру вафо, рамзи муҳаббат ва садоқат мебошад.

Шахс нахустин дарси одамияту худшиносиро аз модар меомӯзад ва тавассути насиҳатҳои ӯ соҳиби маърифат мегардад.

Бинобар ин, аввалин омӯзгори беминнати инсон модар буда, ба фарзанд натанҳо сухан гуфтанро меомӯзонад, балки беҳтарин амалу рафтор ва адабу хислатҳои некро дар шуури ӯ тарбия мекунад.

Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромад ва  паёмҳояшон аз мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар рушди  давлат, ҷомеа ва тарбияи насли имрӯзу оянда ёдовар мешаванд.

Дар Паёми навбатиашон ҳам Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон, иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад»

Бинобар ин, мо ба модар ҳамчун офаридгор арҷ мегузорем.

Дар фасли зебои сол, яъне баҳори нозанин ва эҳёи табиат рост омадани ҷашни «Рӯзи модар» ҳам, бар он аст, ки табиат ва модар дар як маънӣ ифода ёфта,  офаранда мебошанд.

Миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд доир ба одоби оиладорӣ, муносибати хонаводагӣ ва таълиму тарбияи фарзанд суннату меъёрҳое эҷод кардааст, ки онҳо маҳз тавассути занону модарони арҷманди мо барои наслҳои имрӯзу фардо чун мактаби беҳтарини зиндагӣ хизмат мекунанд.

Шумо модарон мавҷуди бузурге ҳастед, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшед, ӯро бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбия намуда, ба камол мерасонед ва ба зиндагии мустақил равона мекунед.

Аз ин рӯ, арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидан ба қадри заҳматҳояш қарз ва вазифаи ҷонии ҳар як фарзанди солимфикр ва бонангу номус мебошад.

Фарзанд ҳамон вақт дар зиндагӣ баракат меёбад, ки дуои неки модар ва падарро гирифта бошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд кардаанд: «ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки баъди вафоти падару модар ҳар коре, ки дар ҳаққи онҳо анҷом медиҳем, ба ғайр аз дуо дигар фоидае надорад»

Бояд то вақте падару модар зинда ҳастанд, ба онҳо меҳрубонӣ ва ғамхорӣ кунем, онҳоро дӯст дорем ва нагузорем, ки хору зор шаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар, солҳои аввали давлатдорӣ ба саводнок кардани бонувон ва ба ин восита бунёд намудани оилаи солим аҳамият медоданд.

Имрӯз бошад, барои тарбияи дурусти фарзанд ва насли оянда аҳамият дода истодаанд.

Дар давраи солҳои соҳибистиқлолӣ  шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ ва корҳои идоракунӣ ҷалб гардида, барои пойдории сулҳу суббот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстӣ, пешгирӣ намудани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ дар ҷомеа саҳми арзанда доранд.

Айни ҳол занону бонувон 25 фоизи хизматчиёнӣ давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро дар кишвар ташкил медиҳанд.

Дар баробари ин, ҳазорҳо нафар занону бонувони боирода ва ҷасуру далери мо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмати Модар – Ватанро адо карда, дар ҳифзи марзу буми кишвар ва тартиботу оромии ҷомеа баробари мардон адои вазифа карда истодаанд.

Яъне дар баробари оиладорӣ ва тарбияи фарзанд, бори ин соҳаҳои муҳими ҷомеаро мекашанд, ки аз азму иродаи қавии онҳо дарак медиҳад

Хушбахтона, дар ноҳияи Вахш ҳам занону бонувони зиёде барои рушди давлатдории навини тоҷик меҳнат карда саҳми арзанда гузоштанд, ки қисмати зиёди онҳо барои хизматҳои арзанда ба давлат ва Ҳукумати кишвар, бо мукофоти давлатӣ «Медали хизмати шоиста» ва нишонаҳои сарисинагии соҳавӣ сарфароз гардидаанд.

Тавре, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар қайд карданд:

Дар солҳои соҳиби истиқлол будан, зиёда аз 280 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм карда, соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. 28 сол аст, ки Квотаи Президентӣ ҷорӣ шудааст ва дар ин муддат 11 ҳазору 600 духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро тибқи он хатм кардаанд. Айни замон 214 ҳазор донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мебошанд, ки 90 ҳазорашро духтарон ташкил медиҳад. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳиби маълумот шудаанд.

Занону бонувони кишвар бояд дар ҷавоби ин ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ гардидани қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва оинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, босавод ва ботарбия таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан саҳми арзанда гузошта, сунату анъанаҳои миллӣ, расму оинҳои асилу бостонии халқро тарғиб кунанд.

Имрӯз Тоҷикистон дар давраи ҷаҳонашавӣ қарор дошта, вусъат гирифтани ин раванд, ҳар як оила, пеш аз ҳама занону модарони муҳтарами моро водор месозад, ки барои соҳиби ахлоқу одоби ҳамида гардонидани фарзандон, ба зиндагии мустақилона омода кардани онҳо, яъне омӯзонидани нозукиҳои зиндагии оилавӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.

Чунки имрӯз ҷудошавии оилаҳо, аз ҷумла оилаҳои ҷавон дар ноҳия  ташвишовар боқӣ монда, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки як қисм падару модарон дар омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона диққати ҷиддӣ намедиҳанд.

Инчунин, ба ҷиноят, худкӯшӣ ва дигар ҳолатҳои номатлуб даст задани занону бонувон ба қайд гирифта мешаванд, ки ба шаъни онҳо доғ мегузорад.

Новобаста аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ҳоло ҳам як қисм модарон бемасъулияти зоҳир намуда, фарзандон ба  қонунвайронкунӣ ва риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ даст мезананд.

Масъалаи дигаре, ки ба зиммаи занону бонувон вогузор мебошад, нигоҳ доштани рӯзгори хонадон ва идора намудани дороиву даромади оила буда, муносибати ҷиддии вобаста ба пешгирӣ аз зиёдаравӣ, исрофкорӣ ва беҳ намудани сатҳи зиндагии оила зарур мебошад.

Мо хушбахт ҳастем, ки давлати соҳибистиқлол дорем ва давлати навини худро бо дасти худ бунёд мекунем.

Мо ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии модарону бонувони азизамон бовар дорем.

Итминон дорем, ки занону бонувон дар оянда низ дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар, пешрафти ҷомеа ва ободии ноҳияву Ватани маҳбубамон нақши шоистаи худро мегузоранд.

Бовар дорам, ки Шумо модарони меҳрубон минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси занона ва модаронаи тоҷик иҷро карда, барои боз ҳам  баланд бардоштани нақшу мақоми зан дар ҷомеа, инчунин дар пешрафту ободии ноҳия ва кишвари азизамон саҳми арзанда мегузоред.

Бори дигар ҳамаи шумо, модарони азиз ва бонувони хушбахту сарбаланди ноҳияи Вахшро ба муносибати ҷашни “Рӯзи модар” самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, саломатӣ, умри дароз, рӯзгори осуда, хонаи обод, файзу баракат ва дар ҳаёти оилавӣ меҳру муҳаббати самимӣ орзу менамоям.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *