ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

22/02/2025-11:54

Дар қисми ҳарбии 45989 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32 солагии таъсисёбии Рӯзи  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов, мақомотҳотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ба қисми ҳарбии мазкур ташриф оварда, сарбозону афсаронро ба муносибати 32 солагии таъсисёбии Рӯзи  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Ҳамчунин баҳри афсарону сарбозони қисми низоми бо ташаббуси раиси Ҷамоати “Файзи истиқлол” ва модарону бонувон хони идона оростанд Кормандони Бахши фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои ватандӯстона табъ ҳозиринро  шод гардониданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *