
17/02/2025-16:45
Дар Ҷаласаи назоратӣ назди раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов, муовини аввал, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳо, иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Раёсати молия, Нозироти андоз, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту корхонаҳои ноҳия ширкат варзиданд.
Раиси ноҳияи Вахш Қ. Юсупов, оид ба иҷроиши нақшаи кишти картошта, зироатҳои полезӣ, шудгори заминҳо, кандану заҳбуру заҳкашҳо, тоза намудани ҷӯю каналҳо, корҳои ободонӣ, шинонидани гулу гулбуттаҳои мавсимӣ, тайёр намудани техникаҳо барои мавсими нави кишти зироатҳои баҳорӣ, баргузории вохȳриҳо оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” бо волидайн ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ, сатҳи хизматрасонии тиббӣ бо аҳолӣ, яъне усули “Хона ба хона”, “Мактаб ба мактаб”. “Деҳа ба деҳа”, тайёрӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида Рȳзи Модар ва Наврȳзи байналмилалӣ, сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи андоз, бақияи қарзи андозҳо, омилҳои зиёдшавии андоз, иҷроиши нақшаи андоз аз даромади ташкилоту корхона ва соҳибкорони қарздор аз андоз суханронӣ намуд.
Мусоидат ва ҳалшавии мушкилоти соҳибкорон ва иҷроиши саривақтии андоз мебошад. Мутаасифона имрӯз ба мушоҳида мерасанд, ки хоҷагиҳои деҳқониро ба қайд намегиранд, маблағи андозро саривақт пардохт намекунанд ва боиси зиёдшавии қарздорӣ аз андоз ва иҷро нашудани саривақтии нақшаи андоз мегардад. Аз ин рӯ, кормандони Нозироти андози ноҳияро зарур аст, ки роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони қарздор аз андоз даъват намуда, мушкилоти саривақт пардохт накардани андоз ҳаллу фасл созанд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Вахш