
Якшанбе, 09/02/2025-20:02
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, имрӯз, 4 феврал раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар Ҷамоати шаҳраки “Зарнисор”-и ноҳияи Вахш дар маъракаи ниҳолнишонӣ иштирок намуданд.
Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, раиси вилояти Хатлон бо шинондани аввалин ниҳол ба ин маъракаи кабудизоркунӣ ҳусни оғоз бахшида, масъулинро ба тавсеаи маъракаи ободониву сарсабзгардонӣ дар ҳудуди ноҳия даъват намуданд.
Инчунин, раиси вилоят аз нахустин ёдгории буддоӣ дар Осиёи Миёна – Дайри Буддоии Аҷинатеппа боздид намуда, барои ободонӣ ва шинонидани дарахтони ороишӣ дар атрофи он ба масъулин дастур доданд.
«Аҷинатеппа» боқимондаи ёдгории меъмории дини буддоӣ буда, мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон, бутхона дар нимаи дуюми асри VII ва ибтидои асри VIII фаъолият дошт.
Бояд зикр намуд, ки ёдгории мазкур дар асоси лоиҳа аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд таъмир ва ба як макони сайёҳӣ табдил дода мешавад.
Сипас, дар ҷамоати мазур раиси вилоят аз хоҷагии пиллапарвар дидан намуда, дарахти тут шинониданд.
Тибқи иттилоъ хоҷагӣ дорои 5 гектар замин буда, хоҷагидор аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳудуди 5000 дарахти тут оварда шинонидааст.
Бояд зикр намуд, ки то имрӯз дар вилояти Хатлон 401020 бех дарахт шинонида шудааст, ки 80,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Шинонидани дарахт ва бунёди боғу гулгаштҳо ба авзои экологӣ таъсири амиқи худро гузошта, муҳити зистро бо ҳавои тоза, ки асоси ҳастии ҳаёт ба он вобаста аст, ғанӣ мегардонад.
Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат, бахусус вилояти Хатлон, маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба як иди сарсабзу хуррамгардонии ҳақиқӣ табдил ёфта, махсусан вобаста ба хурраму сердарахт гардонидани таллу теппаҳо мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.
Рӯзномаи “Хатлон”