
Якшанбе, 09/02/02025-19:25
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз мавзеъҳои хурӯҷи малах дар Ҷамоати деҳоти “Машъал”-и ноҳияи Вахш дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар талу теппаҳои ҷамоати мазкур 60000 гектар замини чарогоҳ мавҷуд буда, бештар аз хурӯҷи малахи марокашӣ зиён мебинанд.
Бояд зикр намуд, ки корҳои кимиёвӣ бар зидди малахи марокашӣ дар моҳи март оғоз гардида, давоми се марҳила гузаронида мешавад.
Аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, ки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни боздид бо мақсади омодагӣ ба мавсими “Мубориза бар зидди малах”, саривақт гузаронидани чорабиниҳо ва дар ин замина муҳофизати майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва ҷангалзорҳо аз малахи марокашӣ, инчунин ҳаллу фасл намудани мушкилоту камбудиҳо дар мубориза бар зидди малах ба масъулон супориш доданд.
Ба назари мутахассисон, малахи марокашӣ аслан дар минтақаҳои барои гузаронидани коркардҳои кимиёӣ дастнорас тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва марзҳои кишоварзии вилояти Хатлон мефароянд.
Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон Ситоди мубориза бар зидди малах дар шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуда, то имрӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии малах заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ дастрас гардидааст.
Роҳбари филиали Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Хатлон вазифадор карда шуд, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин мушоҳидаҳои зимистонаро оид ба муайян намудани мавзеъҳои тухмгузории малах ба анҷом расонанд, дар ҳар як шаҳру ноҳия харитаи мавзеъҳоро муайян ва коркарди техникиро дар ин мавзеъҳо ба роҳ монанд, дар ҳамкорӣ бо сохтори болоии худ ҷиҳати саривақт таъмиру омода кардани техникаю мошинолотҳои корхона ва ба миқдори зарурӣ захира намудани заҳрхимикатҳои сахттаъсир тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Рӯзномаи “Хатлон”