Сешанбе, 07/01/2025-08:32
Маҷлиси якҷояи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандати вахш №32 баргузор гардид.
Дар асоси талаботи банди 39 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо дарназардошти маъракаҳои сиёсии дарпешистода, яъне пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ Абдуллозода Умеда Бекмурод, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Негматзода Азизулло, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, Сулаймонзода Лола, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Ширинбек Каримов, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён ва Искандарзода Дилшод, раиси комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи якмандатии Вахш №32, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ, гурӯҳҳои таблиғотӣ, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияҳо ва рӯзноманигорон аз васоити ахбори оммаи давлативу ҳизбӣ иштирок намуданд.
Рӯзномаи Маҷлис доир ба тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024, таъсиси Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ва Пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Вахш №32 тасдиқ гардид.
Ба муҳокимаи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис, оид ба таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024” Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар вилояти Хатлон баромад намуд. Аз рӯи масалаи дуюми маҷлис Абдуллозода Умеда Бекмурод, муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баромад намуда, номзадии Абдусаломзода Мунавар Алиакбарро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандати Вахш №32 пешбарӣ намуд.
Тибқи нақшаи баргузории маҷлис Комиссияи баҳисобгирии овозҳо тасдиқ карда шуда, номзадии Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботи Вахш №32 сурат гирифт.
Дар фарҷом овоздиҳии аъзои кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён ва Ҷ. Балхӣ баргузор гардида, номзадии Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботи Вахш №32 интихоб гардид.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Вахш