Дар ҳошияи суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 18 декабри соли 2024 дар Анҷумани ХV-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” баргузор гардид, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ “Маорифчиён” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш Азизулло Негматзода вохӯрии судманд баргузор гардид.
Зимни мулоқот моҳияти баргузории Анҷумани ҳизбӣ ва дастовардҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар хомӯш намудани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, сарҷамъ намудани мардуми парокандагашта, барқарор намудани сулҳу субот, ба даст овардани Истиқлолияти комили давлатӣ, таъмини волоияти қонун дар кишвар ва дар ин замина роҳандозӣ намудани корҳои созандагию бунёдкорӣ баҳри пешрафт ва зиндагии арзандаю шоистаи мардум таъкид карда шуд.