ҲИЗБЕ, КИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ МАРОМИ ӮСТ

Чоршанбе, 25/12/2024-16:20

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбияш дар раванди ҳифзу таҳким бахшидани сулҳу субот дар ҷомеа, иқдомҳои шоиста ва барномаҳои созандааш дар миёни халқ беш аз беш обрӯ ва нуфуз пайдо намуда, дар баробари манфиатҳои ҳизбӣ ҳамзамон ҷомеаро ба сӯи арзишҳои умумибашарию умумимиллӣ раҳнамоӣ мекунад.

Дар марҳалаи ҷаҳонишавӣ вазифаи ҳар як миллат ва халқи соҳибтамаддун ва соҳибтаърих ҳифзу арзишҳои миллию суннатӣ буда, пеш аз ҳама мо-тоҷиконро, ки дар арсаи ҷаҳон ҳамчун миллати соҳибистиқлол мавқеи устувор дорем, водор месозад, ки ҷойгоҳи шоистаи хешро дар радифи миллатҳои пешрафта пайдо намоем.

Расман агар фаъолияти Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон аз соли 1994 ибтидо гирад, мантиқи фаъолияти он аз баргузории Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ манша мегирад, зеро ҷавҳари ғоявию сиёсии аҳдофи барномавии ҳизб дар андешаи пурзаковати Сарвари нерӯманди тавонои он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар ҳамон давра суфтаву обутоб ёфта, ба қолаби муайяне дароварда шуда буд.

10 декабри соли 2024 аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 30 сол пур шуд. Яъне ҳизби зодаи Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сола шуд. Гарчанде, ки дар таърих ин марҳила начандон тӯлонӣ аст, вале ҳизби зодаи Истиқлол тавонист Тоҷикистонро ба хонаи умеди тоҷикони тамоми дунё табдил диҳад ва Тоҷикистон имрӯз ба мулки шаҳриёрони сарфароз, донишманду бузургони равшанзамир, ҷавонмардони хештаншиносу ватандӯст табдил ёфтааст.

18 декабри соли 2024 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” анҷумани ХV-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гашт, ки дар он 1473 вакил аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва сохторҳои кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷуманро ифтитоҳ намуда, вакилон ва ҳозиринро бо 30-юмин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик намуда, ба кори Анҷуман ҳусни оғоз бахшид.

Раиси муаззами Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолияти пурсамари ҳизб дар давраи солҳои 2019-2024 суханронӣ намуд. Аз муҳтавои ҳисобот аён гашт, ки воқеан ҳам дар чор соли сипаригашта аъзоёни ҳизб ва ҷонибдорони он зери роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафт, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, корҳои созандагию бунёдкорӣ, баҳри зиндагии арзандаю шоистаи халқи тоҷик корҳои бузургеро ба сомон расонидаанд.

Раиси муаззами Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадаш оид ба номгузории ҳизб ишора намуда иброз дошт, ки ҳизби мо номи Халқии Демократиро касб намуд, ки маънои аз умқи мардум мардум баромадани андешаҳои ғоявии он ба манфиати мардум фаъолият намудани онро дошта, ҳадаф ва фаъолияти кори ҳизб дар ҳошияи асолати иродаи демократии ҷомеа қарор мегирад.

Ин маъно моро вазифадор менамояд, ки бо халқ бошем ва барои халқ хизмат бикунем. Чи хеле, ки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Беҳтарин ҳастии ҳизб бо халқ будан аст ва бадтарини он аз халқ дур будан аст”.

Мирзоев Сироҷиддин директори МТМУ №39-и ноҳияи Вахш, вакили Анҷумани ХV-уми ҲХДТ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш, узви КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *