Month: January 2025
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1. Солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад. 2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 8…
ПЕШБАРИИ НОМЗАД БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Сешанбе, 07/01/2025-08:32 Маҷлиси якҷояи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандати вахш №32 баргузор гардид. Дар асоси талаботи банди 39 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо дарназардошти маъракаҳои сиёсии дарпешистода, яъне пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон…
ФАРҲАНГИ ИНТИХОБОТӢ
Сешанбе, 07/01/2025-09:20 Тавассути он интихоби бошуурона, озод, бевосита ва пинҳонӣ таъмин мешавад Фарҳанги интихоботӣ инъикоси сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа мебошад, ки тавассути он интихоби бошуурона, озод, бевосита ва пинҳонӣ таъмин карда мешавад. Фарҳанги иштирок дар интихобот тақозо менамояд, ки он бояд бо риояи дақиқи меъёрҳои пазируфта амалӣ шавад, то ин ки дар таъмини ҳуқуқи интихоботии дигар шаҳрвандон халал ворид нагардад….
НЕКӢ ДАР ҲАҚҚИ ЯТИМОН
Панҷшанбе, 02/01/2025-12:20 Бо ташаббуси директори ККВД Бохтарнақлиётхизматрасони назди МИҲД – и шаҳри Бохтар Тоҷиддин Сафаров 105 нафар хонандагони мактаб – интернати н. Вахш баҳри тамошо ва саёҳат ба Театри Мусиқӣ Мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов ш. Бохтар сафарбар шуданд. Дар ин сафар муовини сардори корхонаи болозикр Алишер Қурбонов хонандагонро ҳамроҳӣ намуданд. Хурсандии кӯдакон дар ин рӯз ҳамто надошт. Дар саҳни…
ВОХӮРӢ ДАР ПАРТАВИ АНҶУМАНИ ХV-УМИ ҲХДТ
Дар ҳошияи суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 18 декабри соли 2024 дар Анҷумани ХV-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” баргузор гардид, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ “Маорифчиён” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш Азизулло Негматзода…
ХУШНУДИИ ЯТИМОН
Панҷшанбе, 02/01/2025-11:16 Ғамхорӣ нисбати ятимон мароми давлат ва ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, қадрдонӣ ва дилҷӯи нисбати ин қишри ҷомеа ҳамеша зери назари Сарвари давлат қарор дорад. Дар арафаи ҷашни соли нави милодӣ бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ба 320 нафар тарбиятгирандагони мактаб – интернати ноҳияи Вахш тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим гардида,…
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРГУЗОР КАРДАНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» ДАР СОЛИ 2025
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3). 3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон…
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРГУЗОР КАРДАНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ДАР СОЛИ 2025
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3). Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, кор…
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРГУЗОР КАРДАНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР СОЛИ 2025
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоиза ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4). Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи…
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ
28.12.2024, шаҳри Душанбе Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям. Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли…