Панҷшанбе,15/10/2024-12;55
Бо дастгирӣ ва роҳнамои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳайати миссияи Бонки Осиёии Рушд ба мақсади баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Рушди сайёҳӣ” аз мавзеъи таърихии Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш дидан намуданд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи афзалиятноки сармоягузории “Рушди сайёҳии фарҳангӣ дар минтақаи Хатлон” дар ҳошияи Нақшаи генералии ҳамгироишудаи сайёҳии Душанбе, минтақаҳои атрофи он ва вилояти Хатлон аз ҷониби Ширкати байналмилалии машваратии JV HIDRIA аз подшоҳии Испания таҳия шудааст.